Нашрияи Омӯзгор

Дар иҳотаи гургон

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 191        Шарҳ: 0

 

Тайи солҳои охир ба майдони адабиёт як идда эҷодкороне ворид гардиданд, ки аслан ба омӯзгорӣ машғул буда, ба таълифи асарҳои бадеӣ низ машғул мешаванд. Асарҳои онҳо бештар ба мавзӯи ҳаёти ҳамзамонон, кору ташвишҳои мардуми деҳот, фаъолияти омӯзгорону мушкилоти мактаб ва амсоли ин бахшида шудаанд. Дар ин байн омӯзгорони эҷодкоре низ ҳастанд, ки бештар дар бораи мураккабиҳои ҳаёти олами ҳайвонот асар меофаранд. Омӯзгори собиқадор Саидқул Назарзода соли 1955 дар ноҳияи Истаравшан таваллуд ёфтааст. Баъди хатми ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №13-и ноҳияи Зафаробод ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолият намудааст. Мавсуф аз солҳои ҷавонӣ ба адабиёт меҳру шавқи беандоза дошт. Шеър, ҳикоя, мақола ва қиссаҳояш дар нашрияҳои «Халқ овози», «Суғд ҳақиқати», «Маънавият», «Замон», «Шарқнома» ба табъ расидааст. С.Назарзода муаллифи  4 китоби насрӣ буда. маҷмӯаи «Дар иҳотаи гургон», ки ба тозагӣ нашр гардидааст, аз як силсила ҳикоёти воқеӣ, ки дар бораи ҳаёти гургон ва муносибати инсон ба олами ҳайвонот нақл мекунанд, иборат мебошад. Китоби «Дар иҳотаи гургон» 21 ҳикояи омӯзгорро дар бар гирифта, муҳимтарини онҳо «Алвидоъ, нимтанаи оҳарии ман», «Имконияти охирин», «Сиртлони ман», «Гургони шикамсер», «Якка ба якка бо гург», «Ҷанг бо хирс ва ғайра ба шумор мераванд.

Китоб дар нашриёти «Замон» бо теъдоди 150 нусха чоп шуда, аз забони узбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума  шудааст ва ҳадяи хубест барои алоқамандони адабиёт.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш