Нашрияи Омӯзгор

Паймон

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 213        Шарҳ: 0

 

Ман тамоми ҳастиамро бастаи ёрон кунам,

Аз муҳаббат ошиқонро ҳуҷра дар кайҳон кунам.

Оби Ҷайҳун нӯшаму абре шавам, борон шавам,

Мазраи қалби накувонро баҳористон кунам.

Ҳамчу лочин дар фазо парвоз созам бо ғурур,

Чарх бар гардун занам, озодие аз ҷон кунам.

Лутфу эҳсони маро гар мепазирӣ,ҷони ман,

Қодирам, ки оламеро баҳри ту эҳсон кунам,

Иқтидори ман фузун бошад ба роҳи ростӣ,

Бо ғиреву пурдилӣ чархи фалак гардон кунам.

Ҳар куҷо нопокманзил ар бувад, созам нагун,

Ҳадя бар некон биҳиште поку нуристон кунам.

То абад дар қалби ман ҷо мешавӣ, эй одамӣ,

Баҳри хушбахтии ту ҳастии худ қурбон кунам. 

Меҳри ман гар парварӣ андар дили худ, дӯстам,

Дар ҷавобаш ман туро бар қалби худ султон кунам.

Бахту шодию рафоқатро бисозам парчаме,

Кохи бухлу кинаро аз беху бун вайрон кунам.

Киштии Нуҳи наҷоти кишвари фархундаам,

Ҳар куҷо дарде агар сар мезанад, дармон кунам.

Эй Самимӣ, шукри қисмат мекуну осуда бош,

Хидмати шоиста бар миллат ба худ паймон кунам.

 

Ҳасрат

Гарчи испед аст акнун мӯи сар,

Гарчи дарди ҷисм гардад бештар,

Гарчи дорам, эй басо андешаҳо,

Пеши чашмонам гузашта ҷилвагар.

 

Ин ҳама андешаам аз дард нест,

Ё ки аз рӯзу шабони сард нест.

Хуб медонам, фазои зиндагӣ

Холӣ аз чангу ғубору гард нест.

 

Ғуссаам аз ёдкарди модар аст,

Модари гулчеҳраи ҷонпарвар аст.

Кард ӯ новақт з-ин дунё сафар,

Ёди ӯ акнун ҳамеша дар сар аст.

 

Модарам шаҳбонуи озода буд,

Баҳри хидмат доимо омода буд.

Меҳрубону хайрхоҳу неккор,

Ҳарфи ӯ дилчасп, аммо сода буд.

 

Дар сари дасташ намондам дер ман,

Аз канори ӯ нагаштам сер ман.

Рафтани модар миёнамро шикаст,

Гӯиё барвақт гаштам пир ман.

 

Ҳар гаҳе сӯи мазораш меравам,

Ҳамчу тифли хурд зораш меравам.

Ҳасрати дидори модар дар дилам

Як замоне бар канораш меравам...

 

 

Ҳусноро

Дар баҳорон покмарзи тоҷикон

Мешавад сарсабзу боғу бӯстон.

Абри найсон дурфишонӣ мекунад,

Оламе пур аз ҷавонӣ мекунад.

Бо насими рӯҳбахши навбаҳор

Мешавад дил шодмону беқарор.

Ҳар тарафро бингарӣ, зебо бувад,

Хуррамию хушдилӣ бо мо бувад.

Тоҷикистон ҳусноро мешавад,

Тозафирдавсе саропо мешавад.

Боз мегӯяд Самимӣ достон,

Зинда бодо ин диёри бостон!

 

Сарзамини гулфишон

Тоҷикистон, сарзамини гулфишон,

Бостонӣ ҳастиву доимҷавон.

Марзи ту аз чашми душман дур бод,

Сарбасар кошонаат пурнур бод.

Эй диёри мардумони сарбаланд,

Ҳар канорат, водиҳоят дилписанд.

Эй макони мардҳои некном,

Бонувонат хушгилу боэҳтиром.

Пешвои ту адолатпарвар аст,

Аз тамоми пешвоён бартар аст.

Мардум аз ӯ шодмонӣ мекунанд,

Хушдилона зиндагонӣ мекунанд.

Беҳтар аз ин баҳри ту оянда бод,

Пешвоят доимо поянда бод.

Дӯстмурод

Уроқов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш