Нашрияи Омӯзгор

Ноҳияи Рашт: шароити созгор фароҳам бояд овард

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 12        Шарҳ: 0

 

Ноҳияи Рашт яке аз ноҳияҳои калонтарин дар минтақа ба шумор рафта, дар ҳудуди он муассисаҳои таълимии зиёде мавҷуд мебошанд. Ҳангоме ки мо ба ноҳия омадему бо мудири шуъбаи маориф Ҳикмат Мирзоев, ки тоза ба ин вазифа таъйин шудааст ва кормандони шуъба суҳбат кардем, маълум гардид, ки дар соҳаи маориф баробари пешравию дастовардҳо мушкилию камбудиҳои зиёде низ ҷой дорад, ки ҳалли фаврии онҳо, бешубҳа, вазифаи аввалиндараҷаи масъулони ҳукумати ноҳия ба шумор меравад.

Тавре мудир зикр намуд, масъалаи асосӣ дар  пешрафту рушди таълиму тарбия таъмини таълимгоҳҳо бо мутахассисони ҷавон-омӯзгорони варзида мебошад, ки мутаассифона, то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтааст. Соли ҷорӣ тибқи нақша бояд аз донишгоҳу донишкадаҳое, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ машғуланд, 103 нафар ва аз коллеҷи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳия 14 нафар омӯзгори ҷавон ба кор дар муассисаҳои таълимии ноҳия сафарбар мешуданд. Вале боиси ташвиш аст, ки аз макотиби олӣ то ин дам 40 нафар ва аз коллеҷи омӯзгорӣ 7 нафар  ба ҷойи кор ҳозир шудаанду халос. Масъалаи ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорону устодон низ ба талаби рӯз ҷавобгӯ намебошад. Чунонки Ҳ.Мирзоев изҳор дошт, имсол 106 нафар директору ҷонишинони онҳо ва омӯзгорони муассисаҳои  таълимии ноҳия дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта бошанд ҳам, моҳҳои май ва июн нақшаи сафарбар намудани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос иҷро нагардид. Ҷойи пинҳон нест, шуъбаи маорифи ноҳия аз ҳисоби ба  курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ сафарбар намудани омӯзгорону устодон ба маблағи зиёда аз 200000 сомонӣ  қарздор мебошад. 

-Бо вуҷуди мавҷуд набудани шароити зарурӣ дар қаламрави ноҳия ҳаракати олимпӣ вусъат ёфта, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардида истодааст,-мегӯяд мудир ва меафзояд, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар самти тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва омода намудани онҳо ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳо, озмунҳои мухталиф ва мусобиқоти байни хонандагон корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонад. Дар даври ноҳиявӣ  77 нафар, дар минтақавӣ 38 нафар дар олимпиадаи фаннӣ  пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар олимпиадаи ҷумҳурӣ Искандаршоҳи Аҳмад ҷойи сеюмро ишғол намуда,  соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ба таъкиди мудир, дар давоми 9 соли охир бори  нахуст ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  муяссар гардид, ки дар даврҳои минтақавӣ ва  ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагон сазовори ҷой ва медал гарданд.

Мушкили асосӣ дар кори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо надоштани бинои алоҳида ва мустақилияти молиявии он мебошад.

-Фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳия низ мувофиқи мақсад буда, алҳол дар муассисаи мазкур  13 маҳфил амал мекунад, ки дар онҳо 380 нафар хонанда ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд,-изҳор дошт Ҳ.Мирзоев. - Имсол боз 4 маҳфили дигар ташкил карда шуд. Мутаассифона, ба сабаби набудани мутахассисони касбӣ ва созу асбобҳои мусиқӣ дар марказ маҳфили суруд ва мусиқӣ амал намекунад. Хотирнишин бояд кард, ки ду нафар аъзои марказ дар озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорони наврас» иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар самти таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо васоити навини технологӣ, аз қабили компютеру тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо корҳои муайяне ба анҷом расонда шуда бошад ҳам, тайи ду соли охир ба сабаби норасоии маблағ муассисаҳои таълимӣ ягон адад компютер харидорӣ карда  натавонистанд. Дар 71 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз  таъсис дода шудааст.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 12 адад тахтаи электронӣ ва 21 видеопроектор мавҷуд мебошад. Шасту нуҳ муассисаи таълимии ноҳия тариқи модем ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд. Дар ҳоле ки  дар муассисаҳои таълимии ноҳия 819 компютеру 115 адад принтер вуҷуд дораду ба 19  нафар хонанда як компютер рост меояд, наметавон аз пешравию муваффақиятҳо дар масъалаи омӯзиши технологияи нав ҳарф зад. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимӣ 112 компютери таъмирталаб мавҷуд мебошад. Иддае аз омӯзгорони технологияи иттилоотӣ низ маълумоти зарурии касбӣ надоранд. Бо китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ҳамвора дар мадди назари раҳбарияти шуъбаи маориф қарор дошта, соли ҷорӣ 43381 нусха китоби дарсӣ, 2979 нусха роҳнамою дастур ва барномаи таълимӣ  ба таълимгоҳҳо интиқол дода шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия китобҳои дарсии забони модарӣ, таърихи умумӣ, биология, забони  англисӣ, физика, химия, санъат ва меҳнат, суруду мусиқӣ намерасанд.

Соли ҷорӣ 926 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия барои дохил шудан тибқи низоми тестӣ ба макотиби олӣ ва коллеҷҳо ҳуҷҷат супурданд ва аз онҳо  690 нафар (аз ҷумла, 160 нафар духтар) имтиҳонотро бо муваффақият супурда, сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Аз  ҳисоби квотаи Президентӣ аз 124 нафар довталаб, 22 нафар (11 писар ва 11 духтар) ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд. Ҷалби духтарон  баъд аз хатми синфи 9 ба таҳсил ҳанӯз мувофиқи мақсад набуда, аксар падару модарон баҳри соҳибмаълумот гардидани духтарони худ монеа эҷод мекунанд. Ин вазъ дар як қатор муассисаҳои таълимӣ ба мушоҳида мерасад, ки дар умум теъдоди духтароне, ки аз таҳсил дар канор мондаанд, 175 нафарро ташкил медиҳад. Ба  таъкиди ҳикмат Мирзоев, шуъбаи маориф якҷо бо сарварони таълимгоҳҳои ҳудуди ноҳия ва волидони духтароне, ки аз таҳсил дур мондаанд, корҳои тавзеҳию фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои заруриро андешида истодааст. … Нимаи дуюми рӯз бо ҳидояти мудири кабинети методии шуъбаи маориф ҷамшед Тирамоҳиев  аз якчанд муассисаи таълимӣ дидан намудем. Аз ҷумла, дар таълимгоҳи рақами 5, воқеъ  дар деҳаи Шаҳрисабз бинои нави иловагиро, ки аз 4 синфхонаи кушоду барҳаво иборат мебошад, дида, хурсанд шудем.

-Бинои нави таълимӣ бо дастгирии аҳли деҳа тариқи ҳашар бунёд гардидааст,-тавзеҳ дод сарвари мактаб Қосимҷон Хуҷандиев ва афзуд, ки дар муассиса хонандагон аз деҳаи Деҳқонобод низ ба таълим фаро гирифта шудаанд.  Дар мактаби мазкур 492 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 32 нафар омӯзгор сабақ меомӯзонанд. Бояд гуфт, ки баҳри омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ 12 компютер дар мактаб мавҷуд аст, вале аз ин теъдод 6-тояш корношоям мебошад. Аз рӯйи гуфтаи директори таълимгоҳ, омӯзгорони ихтисосманд аз фанҳои технологияи иттилоотӣ, география, синфҳои ибтидоӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ намерасанд. Ҳамчунин, нокифоягии китобҳои дарсӣ (алгебра барои синфи 11, китобҳои синфи 4, таърих ва ҳуқуқ) ба мушоҳида мерасанд.

Мутаассифона, теъдоди китобҳои бадеӣ дар китобхонаи мактаб кам буда (380 нусха), имсол ҳамагӣ  50 китоб харидорӣ карда шудаасту халос. Ба тасдиқи директор, бахши аъзами духтарон аз ҳар ду деҳа баъди хатми синфи 9 аз идомаи таҳсил даст мекашанд. Ҳарчанд дар байни аҳолии ҳар ду  деҳа вохӯрию мулоқотҳо бо падару модарони хонандагон анҷом дода шудаву корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад, ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ дар ин самт ба даст наомадааст. Камбудии дигаре, ки дар таълимгоҳ ба назар мерасад, ин мавҷуд набудани кабинети технологияи меҳнат мебошад. Дар хусуси синфҳонаҳои фаннии муҷаҳҳаз ва озмоишгоҳҳои замонавӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Ин вазъро ба назар гирифта, як гурӯҳ хатмкардагони собиқи мактаб иқдом нишон дода, аҳд кардаанд, ки як синфхонаро пурра бо компютер таъмин хоҳанд кард. Соҳибкор Абдуллоҷон Ҳоҷиев бошад, тасмим гирифтааст, ки синфхонаи лингофонӣ таъсис бидиҳад.

Дар мактаби  №3, ки дар деҳаи Қазноқ ҷойгир мебошад, 622 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бинои таълимгоҳ, ки аз 8 синфхона иборат аст, хеле кӯҳна буда, соли 1959 сохта шудааст. Бо дастгирӣ ва маблағгузории ҳукумати ноҳия бинои нави дуошёнаи таълимӣ барои 280 ҷойи нишаст иборат аз 11 синфхона ва маҷлисгоҳ бунёд шудааст, ки ба наздикӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Муассиса дорои кабинети технологияи меҳнат мебошад, ки дар он 5 мошинаи дастии дарздӯзӣ ва дастгоҳи муосири дуредгарӣ мавҷуд мебошад. Дар кабинети технологияи иттилоотӣ 13 компютер баҳри омӯзиш хонандагон қарор дорад. Боиси нигаронист, ки синфхонаю озмоишгоҳҳои фаннии  муҷаҳҳазонидашуда дар мактаб вуҷуд надорад. Китобхонаи муассиса дорои ҳамагӣ  200 нусха китоби бадеӣ мебошад, ки ин ҳол хеле нигаронкунанда аст. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» хонандаи синфи 6 Фарида Фаррухзода ғолибият ба даст овардааст. Мутаассифона, мактаб то ҳол бо ангишту ҳезум таъмин нест. Фаъолияти омӯзгорону устодони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 хуб буда, 21 нафар омӯзгор ба 252 нафар хонанда таълим медиҳанд. Дар мактаби зикршуда низ бинои нави таълимӣ иборат аз 6 синфхона ва 1 кабинет аз ҳисоби маблағгузории ҳукумати ноҳия бунёд гардидааст. Соли равон аз 18 нафар хатмкунанда 12 нафарашон тибқи низоми тестӣ ба макотиби олӣ шомил гардиданд. Ҳолати нигоҳдори компютерҳо ба талабот ҷавоб намедиҳад.

-Мо маблағи китобҳои иҷоравии дарсиро сари вақт пардохт намудем, вале худи китоби дарсӣ намерасад, - мегӯяд директори мактаб Додархоҷа Фақеров, ки соли  шашум аст сарварии мактабро ба уҳда дорад. Ба ҳамаи ин камбудию мушкилиҳо нигоҳ накарда, дар таълимгоҳ зуд-зуд озмунҳои фаннӣ, чорабиниҳои шавқовари беруназсифӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешавад. Чунонки директор изҳор дошт,  хонандаи синфи 6 Меҳровари Ҳамдулло дар мусобиқаи минтақавии шоҳмотбозӣ ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал гардид ва ба даври  ҷумҳуриявии сабқат роҳхат гирифт.

 

Шодӣ Раҷабзод,

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»,

Душанбе - Рашт - Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш