Нашрияи Омӯзгор

Донишҷӯёни Осиё дар Тоҷикистон

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 17        Шарҳ: 0

 

 

24-26-уми октябри солӣ ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои илмию таълимии берун аз ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе 4-умин Форуми донишҷӯёни Осиё «Тоҷикистон-Осиё-2019» дар Донишгоҳи миллӣ баргузор баргузор гардид.  Дар форуми мазкур намояндагони марказҳои илмию таълимӣ, муҳаққиқон, донишҷӯёни риштаҳои гуногуни илмӣ (магистр ва доктор PhD) аз ҳафт давлат - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон  ва Афғонистон иштирок доштанд. Дар ин ҳамоиши пуршукӯҳ  78 нафар  аз 52 мактаби олии давлатҳои аъзои форум ширкат варзиданд.

Дар рӯзи аввал меҳмонон аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии  шаҳри Душанбе, аз ҷумла, аз  Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Китобхонаи миллӣ, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ, Парчами миллӣ  ва дигар ҷойҳои зебои пойтахти азизамон дидан намуданд. 

25-уми октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4-умин Форуми донишҷӯёни Осиё «Тоҷикистон-Осиё-2019» оғоз ёфт, ки   дар он сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семенович, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло  Мирбобоев, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Олтой оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.И. Райкин, директори Маркази илмию фарҳангии Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М.В. Вождаев иштирок карданд.

Дар оғоз  ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Имомзода иброз дошт, ки баргузории форуми мазкур, аз як тараф, робитаи фарҳангиву илмии кишварҳои Осиёро тақвият бахшад, аз ҷониби дигар, ба густариши ҳамкориҳои тарафайн ва табодули таҷрибаи донишҷӯён мусоидат мекунад.

Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия Лякин-Фролов Игор Семенович форуми мазкурро омили асосии таҳкими  дӯстӣ ва такомули ҷаҳонбинии донишҷӯён арзёбӣ намуд.

Муовини аввали вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев таъкид дошт, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё дар соҳаи маорифу илм дар сатҳи баланд қарор дошта, ҳамасола теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик ба мамлакатҳои хориҷӣ  ба таҳсил фиристода мешаванд ва баръакс, аз кишварҳои Осиё ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки робитаи илмиву фарҳангии мактабҳои олии кишварҳои номбурда вусъат ёфта, табодули таҷрибаи устодону донишҷӯён тақвият меёбад.

Дар идомаи нишаст бахши фарҳангии форум бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Олтай ва ансамбли «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо  барномаи рангин хотири ҳозиринро болида гардонд.

Бахши илмии форум дар факултаҳои филологияи тоҷик, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ ва биология баргузор шуд. Дар ҷараёни форум мавзӯъҳои «Ҳамкории байни донишгоҳҳо дар самти роҳбарон», «Ҳамкории донишҷӯён дар самти таҳияи лоиҳаҳо ва тадқиқоти муштарак», «Истифода аз технологияи имрӯза»,  «Иштирок дар барномаҳои табодул ва анҷом додани барномаҳои фарҳангии муштарак ва масъалаҳои мубрами рӯз»  ва «Муқовимат бо хатарҳои ҷаҳонӣ,  аз қабили ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пас аз ҷамъбасти бахши илмии форум бо дастгирии  роҳбарияти ДМТ дар литсейи донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ  иборат аз хондани шеъру суруд, расмкашӣ, роҳандозии бозиҳои варзишӣ, аз қабили футбол, волейбол, бандкашӣ ва намоиши хони миллӣ доир гардид, ки он хеле ҷолибу хотирмон буд.

Зимни суҳбат  муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ Хайрулло Мирзамонзода зикр намуд, ки  баргузории чунин ҳамоишҳо аз як тараф,  ба боз ҳам ривоҷу мустаҳкам гардидани дӯстиву рафоқати   донишҷӯёни киш-варҳои Осиё мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, дар муаррифии макотиби олии Тоҷикистон нақши бузург хоҳад гузошт.

Бояд гуфт, ки ҳадафи баргузории форуми мазкур  муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, боздид аз маконҳои таърихӣ ва сайёҳии  мамлакат, ба роҳ мондану таҳкими дӯстии ҷавонони тоҷик ва донишҷӯёни давлатҳои Осиё, муаррифии илм, фарҳанг, тамаддун ва муҳимтар аз ҳама, муассисаҳои таҳсилоти олии  касбии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиё ба ҳисоб меравад.

Шоистаи таъкид аст, ки форуми мазкур аввалин маротиба соли 2012 дар  Донишгоҳи давлатии Олтойи Федератсияи Россия доир гардида буд. Форуми якум ва дуюм дар шаҳри Бартаи Федератсияи Россия - дар Донишгоҳи Олтой, форуми сеюм дар Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор гардида буд.

 

Н. ОХУНЗОДА.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш