Нашрияи Омӯзгор

Тағйири эталонҳои метрикӣ баъди 130 сол

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 266        Шарҳ: 0

 

20 майи соли равон редаксияи нави муайянкунии воҳидҳои асосии системаи ченак амалӣ гардид. Шурӯъ аз ин  рӯз ҳафт воҳиди асосӣ: метр, ампер, келвин, кандела, сония, мол ва килограмм ба константаи фундаменталии физикӣ-доимии Планк, заряди электрикии элементарӣ, доимии Болтсман ва доимии Авогадро пойбаст гардиданд.

Килограмм яке аз воҳидҳое мебошад, ки зарурати гузаштан аз системаи куҳна ба системаи навро тақозо мекунад.

Аз соли  1989 эталони килограмм силиндри баландиаш 39 мм ва қутраш 39 мм ба ҳисоб меравад, ки  аз 90% платина ва 10% иридий тайёр шудааст. Ин эталони килограмм каме дуртар аз Париж нигоҳ дошта мешавад ва ҳамчун стандарт ҳисобида шудааст. Инчунин,  нусхаҳои аниқи расмии он низ вуҷуд доранд, ки дар бисёр мамлакатҳои дунё нигоҳ дошта мешаванд.

Аз рӯи ақидаи  олимон, эталони аз гудозаи платинӣ-иридиевӣ таҳияшуда як қисми атомҳои худро бебозгашт бохтааст ва дар пайи он аниқияти худро гум кардааст. Дар муддати 100 соли муқоисаи он бо нусхаҳояш фарқияти афзуншаванда ба миқдори 50 микрограмм ҳосил шудааст, ки  тақрибан ба вазни боли паша баробар аст. Ин нишондод он қадар зиёд ҳам набошад,  фарқият бараъло муайян шудааст. Аз ин рӯ, дар соли 2018 дар конфронси бюрои байналмилалии ченак ва вазн қарор оид ба азнавмуайянкунии эталони килограмм қабул карда шуд.

Барои муайянсозии эталони нави килограмм экспертҳои бюрои байналмилалии ченак ва вазн моҳи ноябри соли 2018 ба қароре омаданд, ки доимии Планк ва бузургии эффекти электромагнитиро истифода баранд. Барои муайян кардани нишондоди рақами доимии Планк ду таҷриба-эксперименти гуногун гузаронида шуда буд. Моҳияти яке аз он таҷрибаҳоро чунин баробарсозии вазн бо қувваи электромагнитӣ ташкил медод, ки объекти баркашшаванда шино кунад. Эффекти электромагнитӣ дар навбати худ ба доимии Планк оварда мерасонад. Ченкуниҳои мутобиқ дар Донишкадаи миллии стандарт ва технология дар ИМА роҳандозӣ карда шуда буданд.

Дар дигар эксперимент кураҳо аз кремний бо изотопи 28 Si истифода бурда шуданд. Аз монокристалли тозаи кремний дар Донишкадаи парвариши кристаллҳои Берлин кураҳои  ба таври идеалӣ гирд бо қутри 93,7 мм тарошида шуданд. Кремний аз он ҷиҳат мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он суръати гумшавии атомҳо хеле хуб муайян мешавад. Аз ин рӯ, олимон тасмими созмон додани эталони кремнийро гирифтанд ва дар натиҷа кристалли бо тозагии 99, 994% ба даст оварданд. Аз рӯи массаи кура ва миқдори атомҳо вазни як атоми 28 Si -ро муайян кардан мумкин аст. Вале дар дунёи атомҳо физикаи классикӣ дигар коргор нест, дар ин ҷо механикаи квантӣ кор мебарад. Бо ёрии баробариҳои мутобиқ доимии Планкро аз рӯи вазни дигар атомҳо ва дигар доимиҳои табии маъмул чен кардан имкон дорад.

Ҳамин тариқ, ҳарду таҷриба қариб натиҷаҳои  якхела доданд ва олимон роҳи азнавмуайянкунии килограммро дар асос доимии Планк пеш гирифтанд.

«Барои шаҳрвандон  ягон чизе тағйир намеёбад, барои онҳо 20 май мисли рӯзҳои пештар хоҳад буд,-мегӯяд олими Донишкадаи физикӣ-техникии Брауншвейг Дженс Саймон (Олмон). Барои илм ва технологияҳои  олӣ бошад, ин қадам як ғалабаи бузург хоҳад буд.  Барои метрологҳо дарҳо ба ҷаннат кушода мешаванд».

Яке аз намунаи «ҷаннатӣ» аз Саймон соатҳои оптикии атомист, ки вақтро нисбат ба  соатҳои атомии муқаррарӣ тақрибан 100 маротиба аниқтар муайян мекунанд. Соатҳои оптикии атомие, ки дар моҳвораҳо истифода мегарданд, дақиқияти муайянкунии бениҳоят баландро доро мебошанд.

 

Ёдгорбии Сафаралӣ,

омӯзгори кафедраи физикаи тиббии коллеҷи тиббии

шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш