Нашрияи Омӯзгор

Саноат – омили асосии рушди иқтисод

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 30        Шарҳ: 0

Нуктаҳо аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои

миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати кишвар

Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

***

Мақсади мулоқоти мо бо шумо – саноатчиёни мамлакат, роҳбарону масъулони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии кишвар баррасӣ кардани масъалаҳои ҳалталаби соҳа ва дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар солҳои наздик мебошад.

***

Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудем.Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.

***

Дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020” бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, тақвияти неруи кадрӣ дар ин самт ва такмили минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии бахши саноат чораҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд.

***

Дар маҷмӯъ, Ҳукумати кишвар дар замони истиқлоли давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 100 намуди имтиёзҳо ва сабукиҳоро ҷорӣ намудааст, ки нисфи онҳо барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки механизм ва муҳлати пешниҳоди имтиёзҳо, инчунин, омори онҳо то ҳанӯз ба танзим дароварда нашудааст ва аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ мониторинг ва ҳисобот оид ба имтиёзҳои амалкунанда ва татбиқшуда ба таври дахлдор пеш бурда намешавад.

***

Саноати имрӯзаи Тоҷикистон зиёда аз 90 самти коркард, истихроҷ ва истеҳсолотро дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, сабук, мошинсозӣ, сохтмон, маъдан, коркарди металл ва кимиё дар бар мегирад.

***

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарорро дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии амалисозии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон ва барномаи махсуси саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2020-2030 таҳия карда, барои тасдиқ пешниҳод намояд.

***

Тибқи барномаҳои соҳавӣ дар кишвар афзоиши истеҳсоли тилло то соли 2022 аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳо ва корхонаҳои нави саноатӣ нисбат ба соли 2012 зиёда аз 7 баробар ва нуқра зиёда аз 5 баробар пешбинӣ шудааст.

***

Тайи солҳои охир дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ иқтидори корхонаҳои истихроҷи металлҳои ранга 60-80 фоиз зиёд гардида, ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

***

Дар баробари қонеъ сохтани соҳаи саноат бо воситаҳои молиявӣ, инчунин, бо кадрҳои болаёқат ва хусусан, муҳандисону технологҳо ва барномасозон таъмин намудани он яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мешавад. Чунки бидуни мутахассисони кордон истеҳсол кардани маҳсулоти рақобатпазир ғайриимкон мебошад, ки онро мо дар мисоли корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи кишвар дида истодаем. Дар маҷмӯъ, низоми омода намудани мутахассисони соҳаи саноат дар кишвар беҳбудиро талаб менамояд, чунки сармояи инсонӣ омили муҳимми рушди соҳа ба ҳисоб меравад.

***

Ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки барномаи омода намудани мутахассисони бахшҳои мухталифи саноат, алалхусус, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳоро таҳия ва амалӣ намояд.Ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав нақшаҳо ва барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишварро аз нуқтаи назари эҳтиёҷот ба касбҳои зарурӣ таҷдиди назар карда, ҷиҳати омода намудани мутахассисон бо дарназардошти соҳаҳои афзалиятнок ва дурнамои саноат чораҳои мушаххас андешанд.

***

Роҳбарияти вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ бояд ҳамкориро бо корхонаҳои истеҳсолии кишвар барои омода намудани мутахассисон тариқи шартномавӣ тақвият дода, барномаҳои таълимии худро такмил бахшанд.

***

Таъкид месозам, ки сабаби асосии ба вуҷуд омадани бисёр масъалаву мушкилоти зикршудаи соҳа нарасидани кадрҳои баландихтисос мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки ба ин масъала эътибори ниҳоят ҷиддӣ дода шавад.

***

Роҳбарони корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дар навбати худ, бояд ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои умумимиллӣ ва иҷрои вазифаи иҷтимоии худ – таъсиси ҷойҳои корӣ ба мардуми кишвар ҷаҳду талош намоянд ва фаъолияти худро барои баланд бардоштани мақоми Тоҷикистони азизамон равона созанд.

***

Аз фаъолияти шумо, саноатчиёни муҳтарам ва соҳибкорон, пешрафту ободии Ватан ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум вобаста мебошад ва дар ин ҷодаи пурмасъул бароятон комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям. Ҳамзамон бо ин, ҳамаи шуморо бо Рӯзи соҳибкорон табрик гуфта, ба шумо барори кор мехоҳам.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш