Нашрияи Омӯзгор

Ёде аз Моёншоҳ Назаршоев

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 194        Шарҳ: 0

Ҷашни 90-солагии зодрӯзи арбоби сиёсию давлатӣ, профессор Моёншоҳ Назаршоев дар зодгоҳаш деҳаи Хосаи Ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон бо гузоштани гулчанбар дар оромгоҳ оғоз гардид.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қайд намуданд, ки доктори илми таърих, профессор Моёншоҳ Назаршоев дар тӯли фаъолияти омӯзгории хеш дар Институти педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи А.Рӯдакӣ) ва баъдтар дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ба тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ машғул буд. Саҳми ин олими варзида дар тайёр намудани зиёиён ва ходимони илми кишвар назаррас аст.

Барои поси номи неки марҳум соли 1999 дар зодгоҳаш хона-музей созмон дода шудааст. Донишгоҳи давлатии Хоруғ номи ин марди шарифро гирифтааст.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш