Нашрияи Омӯзгор

Қатлу куштор мусулмонӣ нест!

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 275        Шарҳ: 0

 

Терроризм ва экстремизм аз мавзӯъҳои меҳварию доғи рӯз ба ҳисоб рафта, ҳеҷ як шаҳрванди асили сайёраро бетараф гузошта наметавонад. Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун узви созмонҳои байналмилалӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри решакан  намудани он ҳамеша талош меварзад.

Ҳамин буд, ки 17 майи соли равон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар шарикони байналмилалӣ конфронс дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 500 ҳайат аз 50 давлати дунё, 28 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз оқибати мудҳиши чунин сиёсатбозиҳою муноқишаҳои гурӯҳӣ нек бохабар аст, ба гурӯҳҳои тундраву хатарзо нафрат дошта, амалҳои террористию экстремистии онҳоро маҳкум карда, тарафдори ҳарчи зудтар амалисозии «Нақшаи муштараки татбиқи Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза ба зидди терроризм дар Осиёи Марказӣ» ва «Нақшаи амалиёти Дабири кулли СММ оид ба огоҳсозии экстремизми зӯровар» мебошад.

Ташвишовар он аст, ки аксарияти аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва маҳз ҳамин қишри ҷомеа ба ҳизбҳои тундраву хатарзо шомил мешаванд.

Баъзе шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна барои таъмини рӯзгори худу наздикони худ аввал ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, баъдан фирефтаи тарғибу ташвиқи шабакаҳои интернетии гурӯҳҳои тундрав шуда, бо мақсади дарёфти маблағи ҳангуфт озими «Давлати исломӣ» мешаванд. Аз ин мебарояд, ки як сабаби дигари майл кардани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ҷанбаи иҷтимоӣ низ доштааст. Онҳо хуб медонанд, ки бо шомил шудан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ номи худашонро доғдор, падару модар ва хешу ақрабояшонро дар ғаму мусибат гирифтор мекунанд, вале бо вуҷуди ин ҳама бадномиҳо, баъзеи онҳо аз роҳи интихобкардаи худ пас намегарданд.

Омили дигаре, ки сабабгори шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гардад, аз рӯи ҳавову ҳавас пуштибонӣ кардани онҳо аз дини мубини ислом мебошад.  Ҳол он ки аз дини мубини ислом пуштибонӣ кардан на бо қатлу куштор, балки бо омӯзиши амиқи он парҳезгору ҳалолкор будан ва инчунин бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ ба даст овардан сурат мегирад.

Вобаста ба мавзӯи боло аз китоби «Ҳазор сухан» - М.Ҳиҷозӣ иқтибос овардани чанд намуна муфид хоҳад буд.

***

Сулҳ боиси равнақи кори мардум ва касодии бозори ҳодисаҷӯён аст.

***

Ранҷу гирифтории ҳар кас ба андозаи ҷаҳлу бетадбирии ӯст.

***

Он ки ранҷида ва озурда тарки ватан мекунад, рӯҳи носозгори худро ҳамроҳ мебарад.

***

Агар ростӣ аз хатар метарсем, бархезем ва коре бикунем, вагарна тарси беамал моро кучаку хатарро бузург мекунад.

***

Ранҷе, ки аз тасаввури хатар мебарем, ҳамеша аз хатар бузургтар аст.

***

 

Раҷабалӣ Худоёрзода,

сардори бахши Маркази

таҳлилӣ- иттилоотии

ДДБ ба номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш