Нашрияи Омӯзгор

Фарзона дар меҳмонии донишҷӯён

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 312        Шарҳ: 0

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Забон ва худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Конфронсро омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада Шафоат Файзиева оғоз намуда, аз ҷумла, таъкид дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд.  Сипас, мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада Таиба Бобоева ва омӯзгори калони ҳамин кафедра Хайринисо Темирова оид ба таърих ва инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ перомуни китоби Пешвои миллат - “Забони миллат – ҳастии миллат” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона забони тоҷикиро шоиронаю отифона ситоиш намуда, аз ашъори тозаэҷоди хеш чанд намуна ба аҳли толор қироат намуд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон карда шуд, ки муҳтавои онро ашъори адибон дар ситоиши забон ташкил дод.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш