Нашрияи Омӯзгор

Забони мо ҷаҳони мост

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 722        Шарҳ: 0

Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ маҳфили бошукӯҳе баргузор гашт.

Дар чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, шоира Шаҳрия, донишманд Саидбурҳони Икромӣ (набераи Туғрали Аҳрорӣ) ширкат намуда, бо андешаронӣ ва қироати ашъори тозаи худ  хотири иштирокдоронро болида доштанд.

Корманди марказ С. Сатторов оид ба тозагии забони тоҷикӣ, таркиби луғавӣ ва имкониятҳои васеи он ҳангоми корбасти вожаҳо маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умедҷон Сафарзода ба як қатор аъзои маҳфилҳои «Ҳуқуқшиноси наврас», «Инкишофи зеҳнӣ», «Сухан», «Дӯзандагӣ» ва ба муаллифони иншоҳои беҳтарин дар васфи   забони тоҷикӣ ва гиромидошти он ифтихорномаҳо супорид.   

Шогирдони маҳфилҳои «Сухан» (роҳбараш Бибиҷамоли Самандар), «Рақс» (роҳбараш Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Салима Одинаева) бо қироати шеър ва рақсҳои дилнишин чорабиниро ҳусни анҷом бахшиданд. 

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш