Нашрияи Омӯзгор

Номи неку сарфарозист

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 238        Шарҳ: 0

Вожаи «ном» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои калимае, ки барои муайян кардани шахсе ё чизе кор фармуда мешавад (исм), омадааст. Маънои маҷозиаш бошад, шуҳрат ва овоза аст.

Дар «Шоҳнома»-и Абул-қосим Фирдавсӣ ин маъно возеҳу равшан зуҳур меёбад. Аз рӯи  нигориши шоир, қаҳрамони байте, ки дар поён меоварем, мардест саодатманд ва дорои адлу инсоф. Ӯ ҳам худ мехӯрад ва ҳам ба  дигарон медиҳад. Ин гуна инсонҳо ба охират ҷуз номи нек чизе  набаранд.

Адлу инсоф, ҳиммату хидмат асоси зиндагии онҳост. Пас  аз марг номи неки ин гуна инсонҳои асил боқӣ хоҳад монд:

Бибахшиду густарду хӯрду

супурд,

Бирафту ҷуз аз номи неке

набурд.

«Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест». Волидайн меваи умри худ – фарзандро  ба ҷон мепарваранд. Зеро онҳо ба хубӣ мефаҳманд, ки маҳз ба туфайли фарзандони баркамолу доно номашон зинда хоҳад монд.

Аз ин рӯ, фарзандонро лозим аст, ки аз пайи волидайни худ раванд. Ҷонишини некон бошанд. Мутаассифона, фарзандони нохалафе ҳастанд, ки ба рафтору кирдори нописандидаи худ доғе ба «фару ном»-и волидайн меоваранд:

Гар ӯ бифканад фару номи

падар.

Ту девона хонаш, махонаш

писар.

Дар майдони ҷанг «ба ном мурдан» ҳазор бор беҳтар аз он аст, ки зинда, аммо ғулому фармонбардори ғайр бошӣ. Шоир ин матлабро аз номи мубад – олим ва донишманди дини зардуштӣ чунин ба забон меорад:

Чунин гуфт мубад, ки мурдан

ба ном,

Беҳ аз зинда душман бар ӯ

шодком.

Ё ин ки:

Ба ном ар бирезӣ маро гуфт

хун,

Беҳ аз зиндагонӣ ба нанг

андарун.

Фирдавсии нуктапарвоз моро такрор  ба такрор ҳушдор медиҳад, ки умри инсон кӯтоҳу зудгузар аст. Илоҷи дароз кардани умр он  аст, ки ба мардумони рӯи олам некию накукорӣ кунӣ, дили инсонҳоро  ранҷу озор надиҳӣ,  ростқавлу росткор бошӣ, мазраеро обод кунӣ, фарзандони баркамол ба воя бирасонӣ. Он вақт пас аз марг номи некат баланд гардад:

Ҳамон ном беҳтар, ки монад

баланд,

Ки марг афганад сӯи мо ҳам

каманд.

Хиёнатпешагону бадкорон аз ин нукта ноогоҳонанд, ки «мардӣ» дар фаҳмиши Абулқосим Фирдавсӣ мукофоти амал ва номи нек аст.

Агар монадӣ кас ба мардӣ ба

пой,

Замона паи  ӯ набурдӣ зи ҷой.

 

Мирзосаид МУЪМИНОВ,

омӯзгори мактаби №25, шаҳри  Хуҷанд, Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш