Нашрияи Омӯзгор

Фурӯтанӣ ба хотири озодӣ

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

Наслҳои оянда эҳтимол бо душворӣ бовар кунанд, ки чунин шахсияте мисли М.Гандӣ замоне зинда дар рӯи замин мегашт.

Алберт Эйнштейн

Маҳатма Гандӣ чеҳраи намоёни ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва  муборизи фаъоли ҳаракати озодихоҳии Ҳинд маҳсуб мешавад. Ӯ усули муборизаи зӯроварӣ накарданро, ки бо номи аҳимса машҳур аст, рӯи кор овардааст. Ба хотири саҳми босазояш дар роҳи истиқлоли кишвари Ҳинд Гандиро «падари миллат» меноманд ва ҳамчунин, ба ӯ тахаллуси  Маҳатмаро ҷоиз донистаанд: «ҷони бузург». Дар ин маврид Нелсон Манделла менависад, ки «Гандӣ ба Африқои Ҷанубӣ дар 23 - солагӣ вуруд омад. Ӯ пас аз 21 сол бо «маҳа атма» ба ватан баргашт. Гандӣ пешвои фавқулода буд».

Дар миқёси олам низ Маҳатма Гандӣ мақому манзалати хосеро дорост. Ӯ бо навиштаҳо, ақидаҳо, равияҳои чеҳраҳои шинохтаи олам аз наздик шинос шуда, дар ҷараёни кор фаровон истифода кардааст. Сарвазири  Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар ҷаласаи кории форуми иқтисодии мамолики Шарқ аз нависандаи рус Лев Толстой ва ходими сиёсии Ҳинд Маҳатма Гандӣ ёдовар шуда, қайд кард, ки «нависанда ва файласуфи машҳури рус Лев Толстой дар зери таъсири ҷиддии ведаҳои ҳиндӣ ва матнҳои ведӣ қарор доштааст. Модӣ афзуд, ки «ба Толстой иқтибосе хеле писанд будааст: « Ҳама чизеро, ки ба таври воҳид вуҷуд дорад, инсон ягона мешуморад, вале онро бо калимаҳои гуногун ифода менамояд» ва ҳамин гуна афкорро мо дар назариёти Маҳатма Гандӣ мебинем». Дар идомаи суханаш Н. Модӣ афзуд, ки имсол дар саросари ҷаҳон 150 - солагии Гандӣ ҷашн гирифта мешавад. Толстой ва Гандӣ аз худ мероси гарнобаҳое боқӣ гузоштаанд».

Агар ба зиндагиномаи Маҳатма Гандӣ дар маҷмӯъ назар афканем, рӯшан мегардад, ки солҳои аввали зиндагиаш чандон аз ояндаи дурахшони ӯ дарак намедоданд. Моҳандас Карамчанд Гандӣ дар Порбандар дар оилаи сарватманд ва сиёсатмадоре 2 октябри соли 1869 ба дунё омада бошад ҳам, ҷавони хеле шармгине буду аксар вақт аз ҳозирин дурӣ меҷуст. Падараш чанд сол ба ҳайси вазири калони раёсати Гуҷарат кор ва фаъолият кардааст.

Гандиро хеле бармаҳал, дар сездаҳсолагиаш, бо ҷавондухтаре бо номи Кастурба хонадор карданд. Он замон Гандӣ дар мактаб таҳсил мекард. Мактабро бо баҳои миёна ба охир расонида, ба коллеҷи Раҷкот дохил мешавад. Гандӣ чандон ба такмили дониш рағбат надошт. Вале амакаш ӯро соли 1888 барои идомаи таҳсил ва гирифтани тахассуси илми ҳуқуқ ба Лондон мефиристад. Албатта, хароҷот барои идомаи таҳсил зиёд буд. Вале ба ин нигоҳ накарда, хешу ақрабо Гандии ҷавонро ба Лондон раҳсипор намуданд.

Таҳсил дар Лондон се сол давом кард. Дар ин муддат Моҳандас бо хулқу атвори аврупоиён аз наздик шинос мешавад. Илова ба илми ҳуқуқ ӯ навохтани ғижак ва рақси фокстроро азхуд менамояд, бо бисёр қонуну расму русуми аврупоиён ошноӣ пайдо мекунад.

Пас аз гирифтани диплом Гандӣ ба Мумбай бармегардад. Вале надонистани қонуну қонунгузории маҳаллӣ барояш мушкилӣ эҷод менамояд. Аз ин хотир, бо дастгирии бародараш дар яке аз ширкатҳои мусулмонии Африқои Ҷанубӣ «Dada Abdulla & Co.» дар Колонияи Натал ба кор медарояд. Ва барои кори доимӣ озими Африқои Ҷанубӣ мегардад.

Дар Африқои Ҷанубӣ Гандӣ дар муддати кӯтоҳ соҳиби обрӯву мақоми хоса мешавад. Ӯро ҳам сиёҳпӯстон ва ҳам сафедпӯстон ҳурмату эҳтиром мекарданд. Махсусан, диаспораи ҳиндуҳои маҳаллӣ, ки хеле зиёд буданд, ба ӯ эътиқоди қавӣ пайдо карданд. Пас аз чанд сол аз Ҳиндустон Кастурба ва ду фарзандаш Ҳарилал ва Рамдасро ба Африқои Ҷанубӣ меоварад. Манилал ва Девдас дар Йоҳаннесбург ба дунё меоянд.

Зиндагии Гандӣ дар Йоҳаннесбург ҳам рангин буду ҳам пуртазод. Масалан, адвокати номдор дар Йоҳаннесбург ҳангоми эпидемияи вабо вориди утоқҳои беморон мегашту ба онҳо кумак мерасонид. Ҳамшираҳои шафқат ба ӯ муқобилият карда наметавонистанд. Ва ё лаҳзаи дигари зиндагии Гандиро ёдовар мешавем. Боре барои паст намудани мӯи сар ба сартарошхонае ворид мешавад. Аммо ӯро сафедпӯстон аз сартарошхона бароварда пеш мекунанд. Гандӣ ба хона бозмегардад ва бо қайчӣ мӯи сарашро худаш пасту баланд метарошад (ба ибораи тоҷикӣ бузтарош мекунад). Ва бо ҳамин шакл ба кӯчаҳои Йоҳаннесбург баромада, сайругашт менамояд.

Соли 1899 Гандӣ ҳафтавори «Афкори ҳиндӣ» - ро таъсис мекунад. Дар саросари шаҳри Дурбан мардум хонадони Гандиро ба ашрам  табдил медиҳанд. Ва ба ин ашрам на танҳо ҳиндуҳо, балки сафедпӯстон низ меомаданд. Маҳз дар ҳамин ашрамхона ҳамон Гандие «дубора» таваллуд мешавад, ки пас аз панҷоҳ сол аз дасти ҳиндумазҳаби иртиҷоие кушта мешавад. Ҳамин аст акси воқеияти тақдири марди ашрамофари ҳиндуӣ.

Гандӣ ба хотири кумак ба нодорону бечорагон тамоми зевароти занашро харҷ мекунад. Акнун ӯ дубора ба пӯшидани сару либоси миллии ҳиндӣ мепардозад. Гандӣ мехост ҳарчӣ бештар доир ба гузаштаи халқи худ маълумот ҳосил намояд, бинобар ин, ӯ бевосита ба омӯзиши мероси қадимаи мардумаш рӯ меоварад. Анъанаву расму русуми ҳиндустониёнро таҷдиди назар мекунад ва ба онҳо арҷ мегузорад. Гандӣ аз таълифоти ведӣ сар карда, то Рамачаритаманаса бо ҷаҳони маънавии фарҳанги қадимаи Ҳинд ошноӣ пайдо мекунад. Ва китоби муқаддаси «Бҳагавадгита» минбаъд ба таври ҳамеша дар рӯи мизи кории ӯ қарор мегардад. Гандӣ қайд мекунад, ки ки «барои ман «Гита» раҳнамои дуруст ва дастурдеҳи ахлоқи намуна мебошад. Ман ба ин китоб ҳар рӯз ба мисли қомус рӯ меоварам… Калимаҳое ба монанди апариграҳа (худро шинохта натавонистан) ва самабҳава (баробарӣ) ба дили ман ҷой гирифтанд».

Гандӣ нобаробариҳои нажодиро дар баробари дигар унсурҳои номатлуби ҷомеа дарк мекард ва ҳатто худ низ аз ҷониби сафедпӯстон борҳо таҳқир шудааст. Махсусан, ҳангоми истиқомат дар Африқои Ҷанубӣ Гандӣ ин падидаро рӯшан эҳсос намудааст.

Бо ташаббуси Гандӣ соли 1914 дар Йоҳаннесбург мардуми ҳиндитабор ҷамъ омаданд ва дар ин ҳамоиш масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла, чӣ тавр бояд бо масоили вазнини нажодӣ канор омад, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Пешниҳоди Гандӣ доир ба итоат накардан ба «амали сиёҳ», ки тибқи ин ҳуҷҷат сиёҳпӯстон аз бисёр бартариҳо маҳрум гардида буданд, аз тарафи ҳозирин якдилона пазируфта шуд. Талаботи ягонаи Гандӣ ин буд, ки зимни иҷрои ин мувофиқатнома ҳеҷ гуна зӯроварӣ набояд рух диҳад. Ва ҳамин тариқ, дар ин кишвари фарсахҳо дур аз Ҳинд ҳаракати машҳури зӯроварӣ накардан ва ба даст овардани мақсад тавлид ёфт.

Пас аз 23 соли зиндагӣ дар Афиқои Ҷанубӣ Гандӣ бо аҳли оила соли 1915 ба Ҳиндустон бармегардад. Дар ин ҳангом ӯ пастиву баландиҳо, ноадолатиҳо ва кашмакашҳои қабилавиву нажодӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ғайраро паси сар карда буд. Аз усулҳои мубориза алайҳи истисморгарон хабар дошт. Яъне ӯ ҳамчун муборизи омода вориди Ҳиндустони азаияткашида мегардад, ки дар дил танҳо орзуи озодии ин куҳандиёрро мепарварид. Чун падараш аз мансабдорони Конгреси миллии Ҳиндустон ба шумор мерафт, дари сиёсатмадорони Конгреси миллии Ҳинд ба рӯяш ҳамеша боз буд. Вале на ҳама ватандорон моҳияти сатяграҳаро мефаҳмиданд ва на ҳама ақлу тавони дастгирии Гандиро доштанд.

Мактаби муборизаи Гандӣ сатяграҳа ном гирифта буд, ки маънои ҳимояи ҳақиқат тавассути ҳақиқатро дошт. Сатяграҳа аз ду калима асос гирифта, сат (ҳақиқат) ва аграҳа (мазбут)-ро ифодагар аст. «Ман зидди ҳама гуна зӯроварӣ ҳастам, - мегӯяд Гандӣ.

-Гоҳо ба назар чунин мерасад, ки қувваҳои аҳриманӣ кори хайр мекунанд, дар асл бошад, ин тавр нест. Аҳриман дар ҳар сурат Аҳриман мемонад».

Гандӣ ҳолати ҳузновари кишварашро ба хуби эҳсос карда буд. Барояш нолаи одитарин шаҳрванди Ҳинд дарди ҷонкоҳеро ба бор меовард. Нахуст иқдоме, ки Гандӣ пас аз бозгашт аз ғурбат тасмим гирифт, ҳимояи табақаҳои поёнӣ ва ноадолатӣ миёни табақаҳо будааст.

(Давом дорад)

 

Ҷовид Холов,

барандаи Ҷоизаи байналмилалии Вишв Ҳиндӣ Самман


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш