Нашрияи Омӯзгор

Кори мустақилона дар дарси забони русӣ

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 34        Шарҳ: 0

Дар байни омӯзгорони фаъол ақидаи дурусте роиҷ аст: «забонро таълим додан мумкин нест, забонро фақат меомӯзанд», бинобар ин, метавон «таълим»-ро аз «омӯзиш» ҷудо намуд.

Дар ин сурат мафҳуми «омӯхтан» ҳамчун  фаъолияти мустақилона ва даркшудаи хонандагон фаҳмида мешавад, ки ба азхудкунии дониш нигаронида шудааст ва онро ба «таълимдиҳӣ», ки ҳамчун як амали расмии ба хонандагон додани ҳаҷми муайяни дониш, қобилият ва малака  фаҳмида мешавад, муқобил гузоштан мумкин аст. Бартарии омӯхтан аз таълим гирифтан  дар он аст, ки ин усули омӯзиши забони русӣ қобилияти фардии хонандаро тақвият мебахшад.

Тавре ки маълум аст, таълими забони русиро метавон дар ду шакл қабул кард: омӯзиши забони русӣ - ин як тарзи мутобиқгардии хонанда ба талаботи барномаю нақшаи таълимӣ ва мустақилонаю  озодона аз пайи омӯзиши забон гардидани хонанда.

Ба андешаи мо, ҷиҳати ба раванди худидорашаванда табдил додани ҷараёни омӯзиши забони русии хонандагон, дар навбати аввал фаъолияти омӯзишӣ-дарккунии  онҳоро тақвият бахшидан, тадбири ниҳоят  зарурӣ ва самарабахш мебошад. Дар ин самт бояд ба ҳиссиёт ва қобилияти дарккунии ҳар як хонанда эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Барои он ки хонанда аз объекти таълимгиранда ба субъекти фаъоли донишандӯзӣ табдил ёбад, омӯзгор бояд ӯро ба андешаронии мустақилона водор намояд. Дар ёфтани мақсади мушаххас ба ӯ кумак расонад ва ӯро роҳнамоӣ кунад. Дар ин сурат хонанда субъекти ташаббускор ва роҳбари комили раванди омӯзиш мегардад. 

Дар ин маврид ба омӯзгор зарур аст, ки таҷрибаи педагогии хешро таҷдиди назар намояд, низоми дарсдиҳиро тағйиру такмил диҳад, зеро ки нақши ӯ дар ҷараёни таълим куллан тағйир меёбад.

Дар раванди афзалият додан ба пешбурди корҳои мустақилонаи хонандагон пешорӯйи омӯзгор иҷрои вазифаҳои зайл қарор мегирад:

- дастрас ва фаҳмо гардонидани мазмуни барномаҳои таълимӣ барои хонандагон;

- бо дарназардошти сатҳи забондонии хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо намудани маводи таълимӣ-иттилоотӣ:

а) маводи барои тамоми хонандагон пешбинишаванда;

б) мавод барои хонандагоне, ки хоҳиши бештар омӯхтани забони русиро доранд.

 Ба иҷро расонидани вазифаҳои зикргардида имкон медиҳад, ки дар заминаи пешниҳод намудани озодии нисбӣ ба хонандагон, дар ҷараёни таҳсил ҳуқуқи интихобкунии онҳо риоя гардад.

Ҳамзамон, бо ин васила омӯзгор фаъолияти мустақилонаи хонандагонро ташкилу танзим менамояд ва аз як шахси интиқолдиҳандаи дониш, назораткунанда ва баҳодиҳандаи шогирдон ба мушовир, маслиҳатдеҳ ва ҳамшарик дар фаъолияти таълимӣ табдил меёбад.

Таҳлили таҷрибаи омӯзгорӣ ва натиҷаҳои фаъолияти мустақилонаи хонандагон имкони хулосабарориҳои зайлро медиҳад:

1. Кори мустақилона бештар аз тарафи хонандагони сатҳи баланди забоназхудкунидошта ҷонибдорӣ карда мешавад.

2. Ба василаи кори мустақилона ҳавасмандии хонандагон ба забономӯзӣ бештар мегардад.

3. Кори мустақилона имкон медиҳад, ки маводи таълимӣ давра ба давра ва пурра аз худ карда шавад.

4. Зимни ташкили корҳои мустақилона рӯҳияи масъулиятшиносии хонандагон тақвият меёбад.

5. Машғулиятҳои дарсӣ  барои хонандагон ҷаззобтар мегарданд.

Ҳамин тариқ, тақвият бахшидани кори мустақилонаи хонандагон яке аз омилҳои асосии самаранок гардонидани ҷараёни таълими забони русӣ дар низоми таҳсилоти муосир маҳсуб меёбад.

Гулчеҳра ПИРАКОВА,

омӯзгори забон ва

адабиёти  рус


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш