Нашрияи Омӯзгор

Бунёдгузори  шеъри ноби тоҷикӣ

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 344        Шарҳ: 0

21 сентябри соли равон дар факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Устод Рӯдакӣ - бунёдгузори  шеъри ноби тоҷикӣ» конфронси илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат декани факулта, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёри Абдураҳим иброз дошт, ки  чунин конфронсҳо, аз як тараф, дар тарбияи  ҳисси ватандӯстӣ ва аз фарҳанги пурғановати миллати хеш  бархӯрдор гардидани донишҷӯён, аз ҷониби дигар, ба омӯзиши пайсвастаи осори  қофиласолори адабиёти форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мусоидат мекунад.

 Дарвоқеъ, чанд сол мешавад, ки дар факултаи мазкур маҳфилу конфронсҳои  гуногун роҳандозӣ карда мешаванд ва донишҷӯёни фаъ-олу пешсаф бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи адабиёти классикии  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ  Шамсиддини Муҳаммадиев дар мавзӯи «Абӯҳафси Суғдӣ – шоири ҳамдиёр ва ҳамаҳди Рӯдакӣ»  суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки осори мондагори устод Рӯдакӣ  дар замони муосир аҳамияти баланди ватандӯстиву тарбиявӣ дошта, дар масъалаи дӯст доштани ватан ва тарғиби арзишҳои олии инсонӣ  муҳим ба ҳисоб меравад.

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ ба номи С. Улуғзода  Рухшона Восиева  зикр намуд, ки Шиблии Нуъмонӣ дар таҳқиқи адабиёти форсу тоҷик осори арзишманд ба мерос гузоштааст ва ба эҷодиёти устод Рӯдакӣ баҳои баланд дода, ӯро султони шоирон арзёбӣ кардааст.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Лоло Давлатбеков  дар мавзӯи «Унсурҳои табиат аз чашмандози Рӯдакӣ» ва  номзади илмҳои филологӣ, дотсент   Шавкат Боев дар мавзӯи «Муносибати баъдиниён ба шеъри Одмушшуаро Рӯдакӣ» суханронӣ карданд

Дар охир барномаи фарҳангии донишҷӯён, ки фарогири саволу ҷавоб, шеъру суруд ва порчаҳо аз ашъори мондагори устод Рӯдакӣ  буд, хотири ҳозиринро болида гардонд.

 

 Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш