Нашрияи Омӯзгор

Аз қайди ғам озод бизӣ!

Сана: 2019-09-24        Дида шуд: 257        Шарҳ: 0

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо санъати баланди сухан, интихоби мавзӯъ, мутобиқ гардондани шаклу мазмун аз тамоми ҳамқаламонаш мақоми баландтар дошт. Рӯдакӣ ба жанрҳои асосии адабиёти он давра - қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ, достонҳои ишқӣ, маснавиҳои ахлоқиву ҳамосӣ асос гузошта, барои ояндагон роҳи калон кушодааст. Махсусан, жанри рубоӣ дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ мавқеи барҷаста дорад:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!

Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,

Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

Рӯдакӣ дар ашъораш кибру ғурур, озору бадхоҳӣ ва дигар хислатҳои нохубро мазаммат карда, таъкид мекунад, ки ҳамаи инсонҳо, новобаста ба дороиву нодорӣ ва омию олим будан, бояд ҳамдигарро эҳтиром намоянд, шукргузор, қаноатпеша буданро аз ёд набароранд. Ба андешаи ӯ, аз ғам хӯрдану озурдахотир гаштан шахс ба ҷои дилхоҳ нарасад.

Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!

Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!

Вайронии худ мангару ободии даҳр,

Вайронии даҳр бину озод бизӣ!

Дар барномаи таълимии адабиёт, албатта, барои омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ ба миқдори муайян соат ҷудо шудааст. Ба назари мо, дар эҷоди кори хаттӣ (кам ё зиёд, муҳим нест, муҳим афкори шогирдонро ба миён овардан, инкишофи нутқи онҳост) мо бояд аз қолаб берун бароем ва мавзӯъҳоеро ба монанди «Забони Рӯдакӣ оммафаҳм аст, чаро?», «Чаро Рӯдакиро «султони шоирон» мегуфтанд?», «Табиат аз нигоҳи Рӯдакӣ»…  бештар тадрис бидиҳем.

Ташкили ин корҳо дар ташаккули нутқи хонандагон, рушди тафаккури онҳо ва баланд бардоштани маърифати насли нав хуб мусоидат менамояд.

Фирӯза ИСМОИЛОВА,

омӯзгори мактаби рақами 54,

шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш