РИОЯИ ҚОНУН ВА ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТҲО

Дар ҷаласаи Шурои мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи номбурда барпо гардид, аз хусуси як қатор камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои гуногун сухан рафт.

Чунонки дар шуруи ҷаласа раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода иттилоъ дод, Шурои мазкур бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383, «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», аз соли 2013 Шурои мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ноҳия таъсис дода шудааст.

Зикр гардид, ки ин ниҳод оид ба таълими волоияти қонун дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии қонуншиканиҳо фаъолияти Шурои ноҳиявӣ нақши муҳим мебозад. Шуро мақоми машваратии байниидоравӣ буда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кумита ва идораҳои давлатӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ва васоити ахбори оммаро оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мутобиқ месозад.

Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Фаррух Абдуқодирзода иттилоъ дод, ки мутаассифона, ҷинояткорӣ дар ноҳия меафзояд. Масалан, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 518 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳолат зиёд аст. Боиси таассуф аст, ки сӯиқасд ба худкушӣ ва худкушӣ дар байни ноболиғон низ ҷой дорад. Ф. Абдуқодирзода дар робита ба чунин амалҳои номатлуб мисолҳои амиқу дақиқ оварда, сабаби инро дар бетарафӣ ва фориғболии баъзе аз ниҳодҳои вобаста ба пешгирии чунин ҳолатҳо ва бепарвоии падару модарон арзёбӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, аксари волидон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро сарфи назар мекунанд, ё бандҳои онро хуб аз бар накардаанд.

Суханронии муовини сардори шуъбаи – 1 ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ Сафаралӣ Довудзода ва муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ — 2 дар ноҳияи Фирдавсӣ Баҳовуддин Сафарзода низ шунида шуд.

Муовини якуми раиси ноҳия Шодимурод Аловиддинзода, ҳамзамон раиси комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, вобаста ба фаъолияти комиссия гузориш дод. Дар анҷоми чорабинӣ Шурои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ноҳияи Фирдавсӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»