СИЁСАТРО БО ЭЪТИҚОДИ ДИНИӢ НАБОЯД ПАЙВАСТ

Ҷаҳони имрӯза хеле пурҳаводис буда, пешгӯӣ кардани раванди ин ё он тамоюлоти сиёсиву иҷтимоӣ ҳатто барои мутахассисон хеле мушкил шудааст. Дар муносибати байни давлатҳо ҷойи арзишҳои умумибашариро манфиатҳои кишварҳои абарқудрат гирифтааст. Мубориза барои ба даст овардани бозорҳо, зӯран бор кардани ин ё он идеология кайҳост, ки дар арсаи байналхалқӣ набарди иттилоотиро ба миён овардааст.

Мутаассифона, дар ин кашмакашҳо усули сиёсӣ сохтани дин, ё ба қавле дигар, сӯиистифода кардани мафкураи динӣ барои расидан ба манфиатҳои сиёсӣ хеле зиёд роҳандозӣ мешавад. 

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофат»-и он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмуъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо мегардад.

Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашад. Лубнон, Судону Ироқ, Сурияву Либия, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тӯли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафти худро аз даст додаанд.

Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад. Азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.

Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. ҲНИТ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, онҳо мавзуи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ матраҳ мекардаанд.

Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти қонунии сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии онҳоро кушод. Охирин шансашон табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ нагардид.

Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эъломшуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бӯ кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд…

Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангези «Гурӯҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо бадкориҳо ба сари мардум борони туҳмату буҳтон мерезанд.

Афсӯс, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд.

Созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон бояд дар худи ҷумҳурӣ вазъро ба мушоҳида бигиранд, таҳлили фарох дошта бошанд, аммо мутаассифона, ин тавр нест. Аз назари ифротиёни фирорӣ гӯиё дар Тоҷикистон дин хор асту озодиҳои эътиқодӣ риоя намешаванд.

Аммо воқеият ин аст, ки дар Тоҷикистони муосир ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад, комилан озод аст, то озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун ҳама маросими сӯгу сур, ҳама ойину анъанаҳо тибқи муқаррароти аслиашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист.

Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси Ҳизби наҳзати исломӣ мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад.

Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят, диндорӣ як кори маҳрамонаи шахс бо Худои хештан аст.

Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад».

Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат сӯиистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар ки бар душмании халқ равон астчу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Таърихи рушди башарият борҳо собит намудааст, ки танҳо дар сурати созгор афтодани манофеи динӣ ва милливу давлатӣ, ҳамоҳангӣ дар амалкарди давлат ҷиҳати баровардани ниёзҳои эътиқодии мардум ва аз ҷониби дигар, фаъолияти рӯҳониён дар истифода аз арзишҳои динӣ баҳри дифои идеалҳои иҷтимоии давлат, агар ҳадаф бунёди ҷомеаи асили шаҳрвандӣ бошад, ҳар кишвареро ба суботи сиёсиву иҷтимоӣ, осудагиву оромии раъият ва дар ниҳояти кор, ба пешрафтҳо дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ оварда мерасонад.

Ҳанӯз соли 1992 Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Ҳукумат на танҳо дини мубини исломро эҳтиром мекунад, балки барои ба ҷо овардани эътиқоди динии халқҳои дигар низ дахолат намекунад.

Эътиқод кори шахсии ҳар инсон аст ва мо тамоми рӯҳониёни ҷумҳуриро даъват мекунем, ки умури диниро дар партави қонун танзим, дар рушду такомули маънавии мардум ва ба ин васила ба оромии ҷомеа ва рушди он хидмат намоянд».

Албатта, нақши ин дар танзими иҷтимоъ ва рӯзгори мардум, хосатан, барои кишварҳое, ки аксарияти аҳолиашон ба ин ё он дин эътиқод доранд, хеле амиқу доманадор аст.

Аммо он дар сатҳи муомилоти иҷтимоӣ ҳамон нақшеро дорад, ки ахлоқу маънавият, урфу одат ва расму анъана дорад. Ҳамин ки дин ба василаи сиёсат ё воситаи амалигардонии аҳдофи сиёсӣ табдил ёфт, хавфи азиме барои рушди давлатдорӣ ба вуҷуд меорад.

Боймурод ШАРИФЗОДА