ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОН

Ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси низомномаи Шуро ва нақшаи солона ба роҳ монда, санаи 10-июни соли равон дар коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҷаласаи навбатии Шуро баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Абдулхолиқзода, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тибқи нақшаи кории ҷаласаи директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин дар ҷаласа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд:

1.Фаъолияти раиси Шуро дар давраи солҳои 2017-2021.

2.Интихоби ҳайати нав, раис ва муовини раиси Шурои директорон барои панҷ соли оянда.

3.Таҳия ва тасдиқи нақшаи кории Шуро барои соли 2022.

4.Тартиби гузаронидани аттестатсияи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ.

5.Тартиби пардохти музди меҳнати кормандону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи низомнома.

6.Мушкилоти ҷойдошта дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо

7.Муаррифии директорони навтаъин ва шомил намудани онҳо ба аъзои раёсати Шурои директорон барои соли 2022.

Дар ҷаласа муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода қайд кард, ки дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яки мову шумо маҳсуб меёбад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷаласа барои бозҳам фаъолияти хуби Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар давоми 5 соли оянда ба вазифаи раиси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ директори коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Н.Ширинзода ва ба вазифаи муовини раиси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ директори коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Л.Одиназода таъйин гардид.