ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ -СОҲИБИ ГРАНТИ ОМЎЗИШӢ

Хонандаи синфи 11-уми литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Маҳлиёхон Авзалова дар озмунҳои донишгоҳҳои Амрико ва Булғористон дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 96 ҳазор доллари амрикоӣ ва имтиёзи таҳсили ройгон дар 3 Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико, Булғористон ва Осиёии Марказиро ба даст овард.

Донишгоҳҳои бонуфузи Амрико, аз ҷумла, Донишгоҳи Крейтен дар иёлати Небраска, Донишгоҳи Амрикоии Булғористон ва Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Маркази бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ(ройгон) намуда, изҳори умед намуданд, ки ӯ ҳангоми интихоб донишгоҳҳои онҳоро қабул мекунад.

Лозим ба таъкид аст, ки донишгоҳҳои мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил шуда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо наздик ба 100 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад, хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намоянд.