Шумораи навбатии «Омӯзгор» нашр гардид

Шумораи навбатии «Омӯзгор», (№ 21, аз 25 майи соли 2023) бо шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шуруъ гардидааст. Роҳбари мамлакат зимни табрикоти хеш ҷавононро барои донишомӯзӣ, азхуд кардани ҳунарҳои замонавӣ ҳидоят намудаанд.
Матолиби дигари шумора аз шиносоии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз вазъи муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён, Бохтар ва шаҳри Кӯлоб, ДДХ ба номи М. Назаршоев иттилоъ додааст. Як қисми дигари хабарҳои саҳифаҳои иттилоотии нашрия доир ба ҳамоишу чорабиниҳои соҳаи маорифи кишвар, ба ҷараёни олимпиадаву озмунҳои соҳа иртибот дорад.
Дар нашрия, ҳамчунин, фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи танзими хориҷ намудани кӯдакон аз муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ҷой дода шудааст.
Матлаби «Ҷавонон ояндасозони миллатанд» аз ҳамоиши илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми кишвар маълумот додааст. Навиштаи дигар аз хусуси сафари кории муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо мақсади омӯзиши вазъи таълиму тарбия дар як қатор муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон нақл мекунад. «Худдорӣ аз амалҳои коррупсионӣ» аз вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону шогирдони ДМТ иттилоъ додааст.
Зери рубрикаи «Забон ва замон» мақолаи омӯзгори забони англисӣ аз шаҳри Гулистон Муборак Давлатова таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ» хонданбоб буда, доир ба нақши забон ва забономӯзӣ дар ҷомеа баҳс мекунад. Мусоҳибаи мухбири ҳафтанома бо номи «Таваҷҷуҳ ба касбҳои коргарӣ меафзояд» бо сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Ҷалолиддин Амиров аз хусуси фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сурат гирифтааст.
Дар шумораи навбатӣ, ҳамчунин, ду мақолаи таҳлилӣ оид ба мавзӯи озмунҳои эълоннамудаи рӯзнома бо номҳои «Ҳар гӯшаи ин диёр зебост» ва «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо» ба қалами рӯзноманигор И. Раҷабалӣ ва донишҷӯйи курси 3 – и ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ба табъ расидааст. Навиштаи корманди «Омӯзгор» Салима Мӯсоева бо номи «Сабқати диловарон» аз баргузории чорабинии қисми ҳарбии 15018 – и Вазорати мудофиаи ҶТ, ки бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии ВМИ ҶТ нақл карда, аз иштироки хонандагони синфҳои 9 – 11 – и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар озмуни «Ватанпарвар» маълумоти муфассал додааст.
Ду навиштаи дигар бо номҳои «Оинаи беғубор» ва «Чу як пири хирад мирад…» (бахшида ба зодрӯзи Шоирони халқии Тоҷикистон, устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ) ба қалами кормандони рӯзнома Ш. Раҷабзод ва Ҳ. Ҳомид тааллуқ дорад.
Ба таври маълум, ҳамасола 23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қайд мегардад. Вобаста ба ин рӯзи таърихӣ мусоҳибаи сармуҳаррири нашрия Дилафрӯз Қурбонзода бо номи «Неруи тавонову боэътимоди Ватан» бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба табъ расидааст. Ҳамчунин, доир ба ин мавзуъ навиштаи сардори Академияи ВКД – и ҶТ, доктори илми ҳуқуқшиносӣ Файзалӣ Шарифзода бо номи «Нақши созандаи ҷавонон дар рушди кишвар» ба хонандагон пешкаш гардидааст. Дар навиштаи корманди рӯзнома Б. Аваз бо номи «Ҳифзи Ватан – Модар қарзи фарзандии мост» аз хусуси даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар кулли шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба хонандагон маълумот дода шудааст.
Зери рубрикаи «Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ тақризи номзади илми филология Шодӣ Шокирзода ба китоби «Дасти боло» — и Ш. Раҷабзод бо номи «Эъҷози килки сеҳрофар» ба табъ расидааст, ки паҳлуҳои зиёди эҷодии адиб ва хусусан ҳикояҳои мавриди назари маҷмӯаи болозикр мавриди баррасии олим қарор гирифтааст.
Қисми зиёди матолиби ба нашррасида илмӣ, илмиву методӣ, психологӣ ва мулоҳизаву андешаҳои мухбирони ҷамоатӣ – омӯзгорону мутахассисони соҳаи маорифи кишварро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, мақолаи «Хусусиятҳои равонии кӯдакони нобино», «Нақши равоншинос муҳим аст» (муаллифон Муҳиддин Султонов ва Ҷамшед Турсунов (аз шаҳрҳои Ҳисор ва Истравшан), «Нахустмарҳалаи тарбия» ва «Ҳамроҳ бихонем» (муаллифон Ш. Яъқубова, М. Расулова (аз шаҳри Кӯлоб) ва Гулсара Тошматова (аз вилояти Суғд), «Дар оғӯши «Афсона» — и Ф. Ҳусейнзода (донишҷӯйи ДМТ) ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Навиштаи муҳаррири нашрия Ш. Раҷабзод – «Аз ҳамовозӣ ба Паёми Пешво то инъикоси масоили методӣ» хулосаи мактубҳои омӯзгоронро инъикос намудааст. Саҳифаи охири нашрия муаммои «Осмон» ва чун анъана эълону рекламаҳоро дар бар гирифтааст.

Навбатдори шумора Ҳотами ҲОМИД, «Омӯзгор»