ЗАБОНИ МОДАРИРО АЗ КӮДАКӢ БОЯД ОМӮЗОНД

Ҷавонон ояндаи дурахшони миллату давлатанд. Ҳар қадар ки онҳо забондону нуктасанҷ ба воя расанд ва донандаи илмҳои замони муосир бошанд, ба ҳамон андоза ояндаи миллату давлат неку дурахшон хоҳад шуд. Бо ин мақсад насли наврасро мебояд нахуст аз фарҳангу забони модарии худ бархурдор бошад, вагарна, ба комёбӣ нахоҳад расид.
Чун ин ҷо сухан сари забондониву забономӯзӣ меравад, месазад, ки дар бораи забони адабии тоҷикӣ чанд сухан гӯем. Забони тоҷикӣ таърихи чандинасра дошта, гузаштагони мо бо ин забон мероси бузурги илмию адабӣ боқӣ гузоштаанд. Дар ҳар давру замон фарзандони фарзонаи тоҷик баҳри рушду ҳифзи забони адабии тоҷикӣ муборизаву ҷоннисориҳои зиёде кардаанд. Ҳар яки моро мебояд, ки ба қадри ин ганҷи бебаҳо бирасем ва дар поку беолоиш нигоҳ доштанаш саҳмгузор бошем.
Яке аз масъалаҳое, ки хеле нигаронкунанда мебошад, аз тарафи аксари хонандагони муассисаҳои таълимӣ риоя нашудани меъёрҳои забони адабист. Тавре ки мушоҳида мешавад, аксари хонандагон бино бар хуб надонистани забони адабӣ зимни посух ба савол ё баёни мақсад ба душвориҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Онҳо ҳангоми ибрози андеша дармемонанд ва фикри худро хуб баён кардан наметавонанд. Инчунин, ҳангоми навиштани нақли хаттӣ, иншо ва корҳои эҷодӣ ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд. Яъне, чаро бо вуҷуди пеш рафтани илму техника, зиёд шудани барномаву шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, дастрасии ҳама гуна мавод, инчунин, таъмин будан бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ гуфтори насли наврас ва фарҳанги сухан ноқис шудааст? Албатта, таълиму тарбияи насли наврас вазифаи асосии ҳар омӯзгор мебошад, лекин ин борро танҳо бар дӯши омӯзгору мактаб ҳавола кардан аз рӯи адолат нест. Чунки кӯдак нахуст дар оила тарбия меёбад, сухангӯ мешавад ва адабу муошират меомӯзад.
Якчанд омил метавонад сабаби ин камбудҳо бошад. Ба фикри банда, омили асосӣ саводи казоӣ надоштани баъзе модарони ҷавони мост. Модари босаводу бофарҳанг метавонад фарзанди сухан-дону бомаърифат тарбия намояд. Шояд баъзе модарон ба ин ақида розӣ набошанд, вале чаро забони “падарӣ” неву забони “модарӣ” мегӯянд? Худи ҳамин ибора мо-модаронро водор месозад, ки дар рушди забони адабии тоҷикӣ нисбат ба дигарон бештар масъулият дошта бошем.
Омили дигар тамошои филмҳои ҳунариест, ки тариқи моҳвора аз шабакаҳои “Gem.TV” пахш мешаванд. Қариб дар ҳама оилаҳои тоҷик тамошои ин филмҳо одат шудааст. Набояд фаромӯш кард, ки кӯдакон ҳамеша ба волидайн тақлид ва пайравӣ мекунанд. Тамошои ин гуна филмҳо натанҳо ба фарҳангу маданияти мо халал ворид мекунад, инчунин, дар хароб шудани забони тоҷикӣ заминагузор мебошад.
Имрӯзҳо шумораи зи-ёди шабакаҳои радиову телевизионии ватанӣ бо барномаҳои иттилоотӣ, маъ-рифатӣ ва фарҳангиву маданӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, шабакаи телевизионии “Баҳористон” барои кӯдакону наврасон бо барномаҳои ҷолибу рангини худ хотири ҳамагонро шод мегардонад. Ногуфта намонад, ки теъдоди муайяни мураббияҳои му-ассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорон низ, бо вуҷуди доштани маълумоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, забони адабиро ба таври комил истифода намебаранд, ки ин ҳам камбуди ҷиддӣ мебошад. Махсусан, мураббияҳои муассисаҳои то-мактабӣ дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим доранд. Чунки агар хонанда дар мактаб чор ё панҷ соат вақти худро гузаронад, кӯдак дар кӯдакистон то ҳашт соат мемонад, ки ин фурсати кам нест. Тӯли ин муддат мураббия метавонад бо кӯдак машғулиятҳоро вобаста ба одоби муошират ба роҳ монад. Ҳангоми афсона хондан ё нақли ҳикоя мураббия бояд ба қоидаҳои забони адабии тоҷикӣ риоя намуда, ба гуфтори кӯчагиву омиёна роҳ надиҳад.
Дар навбати худ омӯзгорон низ бояд намунаи ибрат бошанд. Онҳо масъуланд, ки ҳангоми адои вазифа ба забони адабӣ сухан ронда, аз хонандагон низ инро талаб намоянд, то онҳо забони адабиро ба таври комил истифода баранд.
Воситаи аз ҳама хубу босамар ҷалб кардани хонандагон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ мебошад. Хондани китобҳои бадеӣ дар ташаккули зеҳнии хонанда ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии ӯ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Малоҳат ИКРОМОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
МТМУ №1,
ноҳияи Темурмалик