РЕШАҲОИ ИФРОТГАРОИРО БАРКАНЕМ!

Таҳлилу баррасии омилҳои пайдоиши равияҳои ифротгароии динӣ дар олам, бахусус, дар Тоҷикистон, тақозо менамояд, ки нахуст бояд моҳияти ифротгароӣ ва сабабҳои пайдоиши он шарҳу тафсир карда шавад, зеро бидуни ин наметавонем ба дурустӣ моҳият ва тамоми он сабабҳоеро, ки боиси пайдоиш ва ташаккули ифротгароӣ, махсусан, ифротгароии динӣ шудаанд, ба куллӣ муайян намоем.
Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки ифротгароӣ (ё экстремизм, шакли лотинии он extremus ‒ канора, аз андоза берун) зуҳуротест, ки дар ҷомеаҳо, шароитҳо, замонҳо ва арсаҳои мухталиф дар шаклҳои гуногун вуҷуд дорад ва густариши он низ ба шароит, вазъият, боварҳо, ақидаҳо ва дигар вижагиҳои сохтории ҷомеа вобаста мебошад. Ин рухдоди иҷтимоию сиёсӣ, динӣ ва хушунатзои муосир бештар ҳамчун пайравӣ ба ғоя, андеша ва мақсадҳои аз эътидоли солим берун рафтан дар сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоъ, ҳолатҳои равонӣ дониста шудааст ва ба суботи сиёсӣ, амният ва истиқлоли давлатҳо, татбиқи асосҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Ифротгароӣ идеологияе мебошад, ки истифодаи ҳама гуна чораҳоро дар ҷомеа барои ба даст овардани фоидаи дилхоҳи худ ҷоиз мешуморад. Омилу сабабҳои ташаккул ва тавсиаи ифротгароӣ инҳоянд: буҳронҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, равонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагии аксарияти аҳолӣ, таъқиби дигарандешон, сатҳи пасти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, мавҷуд набудани механизми муассири ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ғайра. Дар чунин ҳолатҳо фардҳо ва гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки вазъи бавуҷудомадаро бо роҳи зӯроварӣ ҳал кардан мехоҳанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти сиёсӣ-дохилии кишварро баҳо дода, гуфта буд: «Ифротгароии динӣ дар даҳсолаҳои охир шиддат гирифтааст. Равандҳои ҷаҳонишавӣ боиси зуҳури падидаҳое назири терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар ҷиноёти сатҳи фарогири ҷаҳонӣ шудааст. Тоҷикистон наметавонад, ки дар мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби ҷаҳонӣ бетараф бошад».
Ифрот ва тафрит (яъне, аз ҳадди эътидол гузаштан дар чизе ё коре ва баръакс, то ба дараҷаи даркорӣ нарасидани чизе ё коре), маъмулан, бо эътидол ё миёнаравӣ дар тазод буда, дар ахлоқ, сиёсат ва дин барои ғояҳое ба кор меравад, ки дур аз гароишҳои ҷараёнҳои аслии мавриди қабули ҷомеа мебошанд. Он имкон дорад, ки огоҳона ё ногоҳона анҷом дода шавад, вале натиҷааш метавонад барои зиндагии як фард ё тамоми ҷомеа бисёр гарон ба поён расад.
Омили асосии зуҳури ифрот аз назари ҳукамо ва равоншиносон, дилбастагии аз ҳад зиёд ба чизе ва канор гузоштани роҳнамоиҳои ақл аст ва омили бурузи тафрит, беиродатӣ, сард шудани ҳисси мурувват ва бузургӣ дар инсон ва номутаодилии шахсияти вай мебошад. Масалан, ифрот ва тафрит дар хӯрдан ё ба фарбеҳии аз ҳад зиёд ба бемориҳо меанҷомад ва ё ҷисмро лоғар карда, аз коромадии ҷисмияш мекоҳонад, пас, ифрот ба хӯрдани ғизо танро сард менамояд; ифрот ва тафрит дар хобидан ё ба касалию танбалӣ, ё ба бехобӣ ва ё ба афсурдани асабҳо меанҷомад. Ифрот ва тафрит дар бадбинӣ, ҳасаду адоват низ зарарнок анҷом ёфта, дар муҳаббату эътимоди аз ҳад зиёд низ зиёновар ба охир мерасад.
Ифротгароӣ хоси шахсони алоҳида, гурӯҳ, ҳаракат, ҳизб ва ҳатто давлатҳое мебошад, ки дар фаъолияти худ гузариш, гуфтушунид ва созишро инкор карда, фишоровариро роҳи ягонаи расидан ба ҳадафҳои худ мешуморанд. Шаклҳои асосии ифротгароӣ инҳоянд: равонӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, этникӣ, миллӣ, нажодӣ, динӣ, сиёсӣ ва ғайра. Терроризм хатар-ноктарин шакли зоҳиршудани ифротгароӣ мебошад. Ин шаклҳо бо ҳам алоқаманданд, хусусан, ифротгароии динӣ ба чунин шаклҳои ифротгароӣ робитаи наздик дорад. Яке аз онҳо ифротгароии равонӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки ҳамаи анвои ифротгароӣ сарчашмаи равониву иҷтимоӣ доранд ва маҳз дар ташаккули ифротгароӣ омилҳои равонӣ ва иҷтимоӣ нақши хеле бузург бозида, аз инҳо сар мезананд. Омилҳои пайдоиш ва вуҷуди ифротгароӣ ба шаклҳои ифротгароӣ алоқаманданд. Яке аз шаклҳои ифротгароӣ, ифротгароии равонӣ мебошад.
Ифротгароии равонӣ як навъ бемориест дар вуҷуди инсон ва ҷомеа, ки шахс ва ё гурӯҳеро барои содир кардани амалу фаъолиятҳои зарарнок барои худ ва дигарон водор менамояд ва албатта, чун бемории ҷисмонии инсон омилҳои пайдоиш ва сабабҳои ривоҷу густариш, инчунин, роҳҳои пешгирӣ (пеш аз зуҳури он) ва бартараф кардани оқибатҳои онро дорад. Ифротгароии равонӣ, пеш аз ҳама, ба эҳсосот, кайфият ва ҳолати рафтору кирдори шахси ифротгаро вобаста аст, ки дар шароитҳои муайян бевосита ин ҳолатҳо ба амалҳои ифротгароӣ мусоидат мекунанд. Албатта, вазъи буҳрони тӯлонии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амсоли ин ба зуҳури ифротгароии равонӣ алангаи бештаре мебахшад ва аксари гурӯҳҳои иҷтимоиро ба ҳолати ногувори руҳию равонӣ дучор месозад. Омилҳо ва заминаҳои амалҳои ифротгароии равонӣ сараввал дар ҷисми шахси ифротгаро зуҳур меёбанд. Ин зуҳурот бештар аз рӯи хусусиятҳои равонии инсон муайян мегардад. Ифротгароии равонӣ ҳамчун маризӣ дар вуҷуди инсони мубталои он огоҳона ва ғайриогоҳона метавонад бошад. Шахсе, ки огоҳона ифрот меварзад, ҳатман далеле барои он дорад (ҳарчанд далелҳояш нодурусту ғайриинсонӣ ҳам бошанд); ин шахс ё зархариди касе шудааст ё барои ин кораш мехоҳад, ҳиссиёти худхоҳияшро ором созад, шуҳрате дар назди дӯстону ҳаммиллатони худ касб кунад ва ҳатто, худро қурбон кунад. Яъне, чунин шахс мубтало ё гирифтори бемории худхоҳӣ, шуҳратталабӣ ва сарвату давлат аст.
Барои таҳлили илмии зуҳури омилҳои ифротгароӣ бояд ба нишонаҳои зуҳури ифротгароии равонӣ ва иҷтимоӣ назар андозем. Ифротгароии равонӣ ва иҷтимоӣ сарчашмаи худро доранд, ки онро ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ тақсим кардаанд. Ба омилҳои дохилӣ, пеш аз ҳама, омили табиию зотӣ мансуб аст. Яъне, ба ифротгароии равонӣ бештар шахсоне майл мекунанд, ки табиатан ё зотан дар вуҷуди хеш ба чунин майлҳое, аз қабили зӯроварӣ, тамаъҷӯӣ, эҳсосоти баланд, тарс, ҳолатҳои махсуси равонӣ гирифторанд. Масалан, зӯроварии оилавӣ ё худ ҷангу ҷидолҳои оилавӣ боиси он мешаванд, ки кӯдаке, ки дар ин оила ба камол мерасад, ба бемориҳои гуногуни равониву руҳӣ гирифтор мешавад. Зина ба зина кӯдаке, ки дар оилаи носолим аз зӯроварӣ таълим гирифт ва ба хоҳару додарони хеш таҳмили иродаи хешро омӯхт, дар наврасӣ ба дӯстон ва ҳамсинфони хеш ин корро дубора таҷриба кард, дар ҷавонӣ ба шахсияти даҳчанд носолим (дар муқоиса бо оилаи худ) табдил хоҳад ёфт. Ӯ дар ҷавонӣ ва бузургсолӣ бо ҳамфикрону ҳамкешони хеш ба таъсиси ташкилоте мепардозад ва дар садади иҷрои нақшаву корҳои ношоистаи бузургтаре хоҳад шуд. Масалан, бо роҳҳои ҳавасманд намудани дӯстонаш дар ибтидо даст ба кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриинтизомӣ мезанад (шаробнӯшию тамокукашӣ ва ҷалби дигарон ба ин корҳо, беҳудаву баҳуда озор додани одамон ва ғайра). Баъдтар ба содир кардани ҷиноятҳои хурду бузург (авбошӣ, қаллобӣ, дуздӣ) шуруъ мекунад, зеро дигар кору нақшаҳои хурду кучак, ҳиссиёти худхоҳӣ ва ҳангоматалабии ӯро қонеъ карда наметавонанд ва ӯ мехоҳад, шахсияти хешро марҳала ба марҳала дар сатҳи деҳа, якчанд деҳа, ноҳия, якчанд ноҳияи гирду атроф, дар ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он ва ҷаҳон нишон диҳад ва агар илоҷаш бошад, мехоҳад, ки шоҳи ҷаҳон бошад. Ин тамоюлоти руҳиву равонии чунин инсон агар ба дӯстону рафиқони дигараш сироят кунад, оҳиста-оҳиста ба гиреҳҳои гарони иҷтимоӣ табдил мегарданд, ки оқибатҳои он барои давлату миллат бисёр гарон хоҳад буд.
Барои давои чунин навъи беморӣ волидон, ҷомеа ва давлату ҳукумат бояд якҷо дар замони тифлии бемори оянда ба поксозию давои ин беморӣ шуруъ кунанд (чунон ки дар тифлӣ кӯдакро аз бемориҳои фалаҷ ва амсоли он эм мекунанд). Падару модар дар давраи кӯдакии фарзанди худ бояд барои адами худхоҳӣ дар вуҷудаш саъю талош варзанд ва баркашидаву санҷидани ҳар як корро дар мизони ақлу хиради тифли худ ёд диҳанд, эҳтироми дигарон, бахусус, калонсолон, ватандӯстӣ, хирадгароӣ дар умури корҳо, дӯстдории донишу фарҳангро омӯзонанд.
Хулоса, чунон ки ишора рафт, ифротгароии равонӣ ва иҷтимоӣ реша ва асоси ҳама гуна ифротгароӣ буда, тамоми дигар анвои ифротагроӣ бар бунёди он рушд меёбад. Яъне, бешубҳа, тамоми анвои ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҳатто, терроризм сарчашмаи бемориҳои равониро дар худ дошта, аз ифротгароии равонӣ маншаъ мегиранд. Ифротгароии равонӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ на яку якбора, балки пайдоиши дуру дароз дорад ва дар тӯли зиндагии инсон ва ҷомеа зуҳури худро мунтазам ошкор мекунад, агар дар оила, дар гурӯҳ ва дар маҷмуъ, дар ҷомеа заминаҳои зуҳури он вуҷуд дошта бошад. Агар мо ба решаву бунёди ифротгароии равонӣ ва ба марҳалаи таҳаввули тӯлонии зуҳур кардани он назар карда натавонем ва ё нахоҳем, ки ба ҷомеа ҳамчун низом таъсири манфии худро мерасонад, ҳангоми давои ин бемории иҷтимоӣ фақат ба оқибатҳои он сару кор хоҳем дошт. Яъне, ҷисман нобуд кардани ифротгароён, тундгароён ва ё террористон ҳаргиз маънии онро нахоҳад дошт, ки мо аз ин зуҳурот манфур раҳоӣ ёфтаем. Ҳамчунин, масъалаи ифротгароӣ, тундгароӣ ва терроризм бо роҳи зиндонӣ кардани тарафдорони ин падидаҳо низ ҳал нахоҳад шуд, зеро дар ҳар ду ҳолат мо на бо сарчашмаи бурузи онҳо, балки бо оқибатҳои ин падидаҳо мубориза барем. Ҳангоме ки ҷомеа бо ба кор гирифтани беҳтарин ва муассиртарин усулу механизмҳои илмии бартараф кардани ин падидаҳои манфии ҷомеа дар он – оила, кӯдакистон, макотиби миёна ва олӣ шуруъ мекунад, маҳз ҳамон дам метавон умед кард, ки пеши роҳи ифротгароӣ бо тамоми анвои он гирифта хоҳад шуд. Аммо ин ҳам поёни кор нахоҳад буд, зеро ифротгароӣ ва душвориҳои ҷомеа ҳаргиз поён ёфтанӣ ва ба охир расиданӣ нест, вале фоизи он ва шиддати онро паст кардан мумкин аст, то ин ки барои мардум, оила ва ҷомеа хатарзо набошад.

Шаҳнозаи ШАМСИДДИН,
омӯзгори кафедраи
ҷамъиятии ДДТТ
ба номи Абуалӣ ибни Сино