АСАРИ ТАЪРИХИИ ПУРМУҲТАВО ВА ОМӮЗАНДА

Хабари ба Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод гардидани романи «Кайфар»-и нависанда Диловари Мирзо маро бениҳоят хурсанд кард.
Ба эҷодиёти нависанда, рӯзноманигор ва омӯзгори малеҳсухану инсондӯст аз ҳикояи аввалинаш «Гуноҳи падар», ки соли 1986 дар «Газетаи муаллимон» чоп шуда буд, ошноям. Баъдтар маҷмуаҳои «Вопасин набард», «Зарринёле баъди падар», «Борон изҳоро мешӯяд», «Мусаввараи нотамом», «Борон доғҳоро мешӯяд», «Афсонаҳои қисмат», «Борон пайҳоро мешӯяд», «Хунёгар», «Замоне Ҳойити ман шаҳр будӣ», «Зилзила шуд дар Ҳойит», «Қисмат», «Нусратулло Махсум», «Марди роҳ», «Ганҷи ройгон» ва дигар китобҳои ӯро мутолиа кардам.
Чун хонанда ҳар як асари ин адиби хушгуфторро бо завқи баланд мутолиа мекунам. Ҳамаи осори ин нависанда саршор аз ишқи Ватан аст ва ӯ аз бузургону қаҳрамонони миллат ифтихормандона ҳарф мезанад.
1-уми июли соли 2021 Нусратулло Махсум 140-сола шуд. Нависандаи закитабъ ба ин муносибат романи худро бо номи «Кайфар» ба хонанда пешниҳод кард ва ба ин васила, руҳи фарзанди барӯманди диёрро шод намуд. Нависанда дар Рашт солҳо бо садҳо пирамарду донандаи таърих ҳамсуҳбат шуд ва мушоҳидаҳои худро бори аввал дар қиссаи мустанаде бо номи «Нусратулло Махсум» пешниҳод намуд, ки хонандагон онро бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Вале нависанда мехост асаре офарад, ки фарогири ҷузъиёти хурду бузурги рӯзгори қаҳрамонаш бошад. Ниҳоят, ӯ муваффақ шуд, ки романи «Кайфар»-ро офарад. Маънои «кайфар» дар луғат «подоши амал» аст.
Ҳар хонанда баъди ба даст гирифтани романи «Кайфар» то охирин саҳифа онро аз даст намегузорад.
Боиси хурсандист, ки романи «Кайфар»-и Диловари Мирзо дар озмуни «Китоби сол», соли 2021-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар номинаи наср сазовори ҷойи аввал шуд.
Асари мазкур аз рӯзгори пурпечутоб, вале пурифтихори фарзанди барӯманди миллати тоҷик Нусратулло Махсум қисса мекунад ва ҳосили заҳмату бехобиҳои бисёрсолаи нависанда мебошад.
Сюжети романи «Кайфар» аз забони муаллими пире, ки аз ҳама воқеаҳо огоҳ асту қисса гуфтанро дӯст медорад, баён шудааст:
«Муаллими пир хуш дошт қисса гуфтанро. Он қадар қисса медонист, ки ба қавли кампири Азиза, «дар тактак намеғунҷид». Гоҳ аз Амир Ҳамза мегуфт, гоҳе аз Баҳроми Гӯр, гоҳе аз Рустами Достону лаҳзае аз Амир Арслон. Ҷавонмардиву ҷаҳонгардии Ҳотами Тойро бо обуранг қисса мекард ва шунаванда мепиндошт, муаллим як умр дар паҳлуи Ҳотам ҷаҳонгардиву ҷавонмардӣ карда бошад»… («Кайфар», саҳифаи 4).
Баробари хондани сатрҳои боло, пеши назари хонанда симои марди кӯҳистоние ҳувайдо мегардад, ки дили беолоишу беғаш дорад. Дар атрофи ӯ нишастагон, яъне ҷавонон аз ҳар ҳарфаш ватандӯстӣ ва одамгарӣ меомӯзанд.
Ӯ, ки мӯйи хешро дар хидмати халқ ва Ватан сафед кардааст, аз таърихи водии Қаротегин хуб огоҳ аст, ҷуғрофиё, табиат, тарзи зиндагию урфу одат ва сарнавишти бузургони ин водии зархезро чун панҷ панҷаи худ медонад.
Ин навбат муаллим ба ҳозирин аз рӯзгори пуршараф, вале пурфоҷиаи Нусратулло Махсум, бо дидаи гирён ва оҳи сӯзон нақл мекунад.
Аз нақли муаллим, хонанда дар баробари огоҳ шудан аз рӯзгори Нусратулло Махсум, аз ҷабру зулми бекҳои бекигарии Қаротегини аморати Бухоро (ҳоло ноҳияи Рашт) воқиф мегардад. Нусратулло дар ҳамин муҳит, дар оилаи деҳқони хокпош ба дунё меояд. Ин ҷавони қобил аз солҳои наврасӣ ба падари деҳқонаш дастёри беминнат мешавад. Вале камбағалӣ ва камбизоатӣ ин ҷавони баору номусро водор намуд, ки муваққатан тарки кӯҳистон намояд ва дар Фарғона барои худ кор пайдо кунад. Кор дар яке аз корхонаҳои пахтаи шаҳри Хӯқанди водии Фарғона чашми ӯро кушод.
Соли 1921 ин ҷавони парғайрат ба сафи муборизони аввалини барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Бухорои Шарқӣ пайваст.
Нусратулло Махсум солҳои 1921-1923 ба ҳайси намояндаи Кумитаи хӯроквории Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро оид ба таъмини қисмҳои Армияи Сурх дар Ғарм, сипас, дар Душанбе, Раиси Кумитаи Инқилобии вилоят, Раиси Кумитаи фавқулодаи Бухорои Шарқӣ ифои вазифа намуд ва аз имтиҳони пурпечутоби давр гузашт. Пас аз ташкил шудани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ интихоб гардид ва дар ин вазифа низ худро чун фарди оқилу меҳнатдӯст нишон дод.
Бояд ёдовар шавем, ки соли 1929 маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаю ҷасуронаи Нусратулло Махсум ва ҳамсафонаш Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон мустақил эълон шуд.
Диловари Мирзо кӯшидааст, ки дар асар дар баробари Нусратулло Махсум, аз хусуси корномаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Мунаввар Шогадоев, Чинор Имомов ва дигар фазандони барӯманди миллат ба хонанда нақл намояд.
Хонандаи роман ҳис мекунад, ки зиндагии Нусратулло Махсум саршори фоҷеаҳои гӯшношунид аст. Қаҳрамони асар дар умри кӯтоҳаш боре осоиши зиндагиро намебинад.
Душманони миллат борони туҳматро ба сараш фурӯ мерезанд ва киштии умри Нусратулло Махсумро ба гирдоби бало меафкананд. Ин фарзанди сарсупурдаи миллат қурбони таъқиботи сталинии соли 1937 гардид.
Дар асар нависанда умри дубораи Нусратулло Махсумро, ки ба шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иттифоқ афтод, хеле ҳаяҷонбахш тасвир мекунад.
Азбаски романи «Кайфар» ҳуҷҷатист, тобишҳои публитсистӣ дар он бештар мушоҳида мегардад. Нависанда аз ҳуҷҷатҳо ва маълумоти аз бойгониҳо пайдогардида фаровон истифода бурдааст, санаҳои таърихӣ ва андешаҳои муаррихонро дар асар айнан овардааст. Роман барои шинохти қаҳрамон мусоидат мекунад ва беҳтарин маъхаз ҳисобида мешавад.
Романи «Кайфар» ба хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёни донишгоҳҳо доир ба ҳаёт ва зиндагии Нусратулло Махсум маълумоти фаровон медиҳад.
Исмоил ЗАРИФӢ,
барандаи Ҷоизаи ба номи
Камоли Хуҷандӣ, Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуот