Happy nuclear family with three children having fun sitting on sofa at home, reading books, smiling.

ТАВАҶҶУҲИ ХОСА БА ТАРБИЯИ КӮДАКОН

Тарбияи кӯдакони аз лиҳози ҷисмонию маънавӣ рушдёфта аз вазифаҳои муҳимтарини соҳаи маориф дониста мешавад. Ин аст, ки солҳои ахир афзудани марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд яке аз тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад.
Сабаби асосии таъсиси ин марказҳо ҳанӯз нокофӣ будани шумораи кӯдакистон дар ҷумҳурист.
Ҳадафи ниҳоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки кӯдаке аз тарбия берун намонад. Ба ин хотир, пайваста чораҳои муассир андешида мешаванд. Корбаст намудани ин тадбирҳо ба фаъолияти сохторҳои дахлдори соҳаи маориф вобаста аст.
Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чун дар дигар манотиқи Тоҷикистон ба тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Ҳоло дар ноҳия 6 кӯдакистон амал мекунад, ки 305 нафар тарбиягиранда дорад ва ба таълиму тарбияи онҳо 20 нафар мураббӣ ҷалб шудааст.
Айни ҳол ба ҷуз ҷамоатҳои деҳоти Қозидеҳ, А. Замиров ва Птуп дар марказ ва 44 деҳаи ноҳия марказҳои рушди барвақтии кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки 888 нафар кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд. ҳамаи 74 нафар мураббӣ – омӯзгор аз ҳисоби занонанд.
Дар маҷмуъ, аз шумораи умумии кӯдакони аз 3 то 6-сола 1193 нафар дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди барвақтӣ тарбия гирифта истодаанд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ноҳия як маркази хусусии инкишофи кӯдак соли 2019 таъсис ёфтааст, ки дар он 90 нафар кӯдак тарбия меёбад.

Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор”, ВМКБ