БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ МАРТ

27-уми марти соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазир Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ ҳисоботи Бадриддин Музаффарзода – сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм оид ба рафти амалишавии меъёрҳои маблағгузории сарикасии муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ ва Умед Ҳасанзода – сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ оид ба ҷамъбасти мавсими зимистонгузаронии солҳои 2022-2023 шунида шуд.
Раиси ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба касбиятнокӣ ва дарки масъулияти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои муассисаҳои томактабӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, сохта ба истифода додани муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ, ҷамъбасти мавсими зимистонгузаронии солҳои 2022-2023 дар ноҳияҳои иқлимашон сард ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2023-2024 бояд чораҳои дахлдор андешид.
Дар охир, раиси ҷаласа бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм супоришҳои қатъӣ дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон