ВОХӮРИИ СУДМАНД ҶИҲАТИ ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

27-уми марти соли ҷорӣ вохӯрии онлайнии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ бо сардорони сарраёсат, раёсат, мудирони шуъбаҳои маориф, раисони иттифоқҳои касабаи раёсату шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ ва муҳосибони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур инчунин Ҷамшед Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илм ва Зиёдулло Абдулзода – муовини вазири маориф ва илм иштирок доштанд.
Зимни ифтитоҳи вохӯрӣ, Раҳим Саидзода иброз намуд, ки мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар боиси нигаронии аҳли ҷомеа гашта, мубориза бар зидди ин амал натанҳо аз мақомоти дахлдори давлатӣ, балки аз тамоми қишрҳои ҷомеа вобастагӣ дорад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф ва илм амалӣ менамояд, ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва решакан намудани он чораҳои дахлдор андешида, барои аз байн бурдани ин амали нангин кӯшиш менамояд.
Дар идома Нигора Муқимӣ пешниҳод намуд, ки барои мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ва аз байн бурдани он бояд миёни ҷомеа, махсусан, кормандони соҳаи маориф корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд карда шавад. Аз ҷумла, сатҳи дониши ҳуқуқии намояндагони соҳа бояд то сатҳи зарурӣ баланд бардошта шавад, то аз ҳуқуқҳои худ ҳифз кунанд ва ба амалҳои нангини коррупсионӣ даст назананд.
Дар охир миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа ироа гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон