БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МТМУ №53

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазъи таълиму тарбия ва биною синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и деҳаи Оби зулоли деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан шинос шуд.

Инчунин, дар ҷараёни боздид аз муассисаи таълимии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода якҷо бо раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар чорабинии идонаи ин муассисаи таълимӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ташкил шуда буд, ширкат варзида, бо хонандагону омузгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки соҳаи маорифи кишвар зери таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, хонандагону омузгоронро зарур аст, ҷавобан ба ин ғамхориҳо сифати таълиму тарбияро баланд ва дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат намоянд.

Дар фарҷом ба 5 омӯзгор, 1 хонанда ва 1 корманди техникии муассисаи таълимии зикршуда туҳфаи молиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан