Пайдоиши назарияи иқтисодӣ ҳамчун илм натиҷаи тараққиёти дуру дарози таърихӣ мебошад. Мутафаккири юнонӣ Арасту аввалин иқтисоддоне ба шумор меравад, ки мафҳумҳои «сарфа кардан» ва «иқтисод»-ро бо як маъно истифода кардааст.
Арасту аввалин бор дар таърихи илми иқтисодиёт ҳодисаҳои асосии иқтисодиёт ва шаклҳои ҷамъияти он замонро таҳлил кард.
Илми иқтисод номи худро дар асри 17 дарёфтааст. Бори аввал истилоҳи иқтисоди сиёсиро Антуан Монкретен ба адабиёти иҷтимоию иқтисодӣ ворид кард. Соли 1615 «Рисолаи иқтисоди сиёсӣ»-ро ба нашр расонд. Бо ин Монкретен эълон кард, ки илми иқтисод бо иқтисодиёт ва хоҷагӣ дар доираи давлатҳои миллӣ сарукор дорад. Бо вуҷуди ин, хидмати асосии Монкретен дар он аст, ки вай масъалаҳои иқтисодиро ҳамчун мавзуи мустақили омӯзиш ҷудо кардааст. Бо ҳамин ӯ илми иқтисодро аз дигар илмҳои ҷамъиятӣ ҷудо кард.
Дар тӯли якуним аср, пас аз Монкретен иқтисоди сиёсӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун илм дар бораи хоҷагии давлатӣ ба назар гирифта мешуд. Танҳо пас аз ба вуҷуд омадани мактаби классикии иқтисоддони сиёсии буржуазӣ, ки асосгузори он иқтисодчии англис Адам Смит буд, характери он тағйир ёфт ва умуман, ба илми қонунҳои хоҷагӣ табдил ёфт.
А.Смит аввалин шуда доктринаи иқтисодиётро ҳамчун системае, ки дар он қонунҳои ғайримуташаккил амал мекунанд, инкишоф дод. (Ба ибораи дигар, «дасти ноаён»-е, ки бо ёрии он «тартиботи табиӣ» ва тараққиёти самарабахши иқтисодӣ ба даст оварда мешавад). Ӯ собит кард, ки иқтисодиёт дар асоси механизми ғайримуташаккили худсоз ва худтанзимкунӣ инкишоф меёбад. А.Смит дар асари асосии иқтисодии худ «Тадқиқот оид ба табиат ва сабабҳои сарватмандии халқҳо» (1776) меҳнати умумиеро, ки дар доираи тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мавҷуд буд, ҳамчун манбаи неъматҳои моддӣ муайян мекунад. Назарияи ӯ оид ба арзиши меҳнат, ки мувофиқи он арзиши мол аз рӯи миқдори меҳнати сарфшуда муайян карда мешавад, аз ҳамин ҷо бармеояд.
То ибтидои асри 19 иқтисодиёти сиёсиро, асосан, илми англисҳо ҳисоб мекарданд ва донишҷӯёну коромӯзони иқтисодиёти сиёсиро «Смитиён» меномиданд.
Карл Маркс, ки аввалин шуда усули диалектикаи материалистиро дар таҳлили ҳодисаҳои иҷтимоию иқтисодӣ татбиқ намуда буд, дар инкишофи назарияи иқтисодӣ саҳми калон гузошт. Ин ба вай имкон дод, ки на танҳо иқтисодиёти сиёсии собиқро мавриди танқиди амалӣ қарор дода, ҳамаи нуктаҳои назаррасеро, ки олимони пешин баён карда буданд, ҷамъбаст кунад, балки инчунин, қонунҳои ҳаракати системаи капиталистиро аз мавқеъи синфи коргар ошкор намояд.
Дар охири асри XIX — ибтидои асри XX коркарди принсипҳои умумии иқтисодиёти сиёсӣ ба омӯхтани проблемаҳои гуногуни амалиявии иқтисодӣ иваз карда мешавад; таҳлили сифатӣ ба таҳлили миқдорӣ мегузарад. Дар назарияи иқтисодӣ усулҳои тадқиқоти математикӣ васеъ истифода мешаванд. Номи назарияи иқтисодӣ «иқтисоди сиёсӣ» ба «экономика» (экономикс) иваз карда мешавад.
Намояндаи бузургтарини тамоюли нав дар илми иқтисодиёт иқтисоддони англис Алфред Маршалл мебошад. Ӯ омӯзиши проблемаҳои иқтисодиро бо микротаҳлил пайваст кард. Дар таълимоти ӯ диққати асосӣ ба шахсият, озодии интихоби шахсият ва ба ҳалли масъалаҳои амалӣ равона карда шудааст. А.Маршалл аввалин шуда дар назарияи иқтисодӣ аппарати математикиро истифода бурд.
Ин донишманд яке аз асосгузорони тамоюли маржиналистӣ дар иқтисодиёт мебошад (маржа — маҳдудият). Фаслҳои нави иқтисодиёт бо назарияи фоидаи маржиналӣ ва арзиши маржиналӣ алоқаманданд. Самти маржиналистӣ дар маркази мавзуи назарияи иқтисодӣ масъалаи интихоби оқилонаро мегузорад.
Асари Ҷон Кейнс «Назарияи умумии шуғл, фоиз ва пул», ки соли 1936 чоп шуда буд, дар соҳаи назарияи иқтисодӣ инқилоберо ба миён овард. Номи ӯ ба пайдоиши як самти нав дар афкори иқтисодӣ — кейнсизм алоқаманд аст. Ҷ.Кейнс ва пайравони ӯ назарияи иқтисодиро ба макроиқтисод табдил дода, ҳама мушкилотро иҷтимоӣ ва миллӣ мешумориданд. Хидмати Ҷ.Кейнс дар он аст, ки ӯ аввалин шуда нақши муҳимми давлатро нишон дод, ки тавассути сиёсати пулию қарзӣ фаъолияти самараноки низоми бозорро таъмин менамояд.
Дар охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми асри XX самти муқобили Кейнсизм – монетаризм ба вуҷуд омад. Пешвои он иқтисоддони амрикоӣ Милтон Фридман дар асари худ «Пул ва рушди иқтисодӣ» (1973) собит кардааст, ки механизми асосии фаъолияти иқтисод бозор ва соҳибкории озод буда, дахолати давлат ба иқтисодиёт танҳо бо соҳаи пулӣ маҳдуд аст.
Ҳамин тавр, таърихи илми иқтисод мактабҳо ва равияҳои зиёде дорад, ки бар мафҳумҳои гуногун асос ёфтаанд. Мавҷудияти мактабҳои гуногуни илмӣ ба инкишофи умумии афкори иқтисодӣ мусоидат мекунад. Муваффақияти мактаби муайяни илмӣ на ба дуруст будан ё набудани он, балки аз андозаи алоқамандии он ба воқеияти тағйирёбанда вобаста аст.
Фирӯзҷон Насриддинов,
профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодии
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
