ЭЪТИМОД БА ОМӮЗГОР

Раванди таълим ҳамеша аз муносибати байни омӯзгору хонанда ва омӯзгору волидайн вобаста аст ва агар яке аз ин муносибатҳо аз байн равад, таълиму тарбия наметавонад самаранок бошад.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки хонандагони синни хурди мактабӣ бештар ба омӯзгорони аввалини худ бовар доранд ва онҳоро намунаи ибрат меҳисобанд. Омӯзгороне, ки боварии хонандагонро зиёдтар ба даст оварда метавонанд, ба ҳадафҳои худ зудтар ноил мегарданд. Муҳаққиқон ба ин назаранд, ки бахше аз бовар ба омӯзгор аз муоширати дурусти волидайни хонанда ба омӯзгор ташаккул меёбад. Барои ба даст овардани боварии хонандагон чунин амалҳоро анҷом додан муҳим аст:
— таълиму тарбияро танҳо бо соатҳои дарсӣ набояд маҳдуд кард. (Имрӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои пешрафтаи дунё шогирдон метавонанд ҳар лаҳза аз тариқи интернет ба роҳатӣ бо омӯзгоронашон иртибот барқарор кунанд ва мушкилоту ниёзҳоеро, ки дар раванди тарбия ба амал меоянд, бартараф созанд).
— аз ҳар ҷиҳат намуна бошем (шахсияти омӯзгор аз ҳар ҷиҳат барои хонандагон намунаи ибрат мебошад. Ва онҳо ҳамеша мекӯшанд, ки ба омӯзгорони худ монанд бошанд. Бино бар ин, бояд муроқиби рафтору гуфторҳоямон бошем).
— вақтро дуруст истифода намоем (интиқоли иттилоот ҳам аз ҷиҳати амалӣ ва ҳам аз ҷиҳати назарӣ бояд дар камтарин вақт ва ба таври муассир анҷом дода шавад. Аз ин рӯ, тақсимот ва истифодаи дурусти вақт ва таснифоти мунтазами иттилоот интиқоли онҳоро осонтар мекунад).
— ташаббус ва эҷодкориро аз онҳо нагиред (Агар хонандагон барои ҳалли масъала усули мушаххасро истифода баранд ва ё маводи нави назариро ба омӯзиш фаро гиранд, ташвиқ кунед.
— ба хонандагон бо назари яксон нигоҳ кунем. (Хонандагони доно ва зирак беш аз дигар хонандагон мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд ва бояд омӯзгор кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ин таваҷҷуҳ боиси нороҳатию дилшикастагии дигар хонандагон нагардад. Бетаваҷҷуҳӣ ба донишомӯз яке аз омилҳои ногувор дар раванди таълим маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, бо муайян кардани қобилияту дониши ҳар як хонанда, кӯшиш кунем, ки муҳаббат ва таваҷҷуҳи худро ба онҳо баробар тақсим кунем).
— ҳеҷ саволеро бе ҷавоб нагузоред (Ҳатто агар ҷавоби саволи хонандаро надонем ҳам, ба роҳатӣ ба ӯ бигӯем, ки ҷавоби саволашро намедонем).
Сабоҳат Нарзиева,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,
Меҳробиддин Қурбонзода,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №20-и
шаҳри Ваҳдат