МУБОРАКБОДӢ

Эй чашми ҷаҳонбин, ба ту Наврӯз муборак,
Эй ботини бекин, ба ту Наврӯз муборак.
Эй миллати хушбин, ба ту Наврӯз муборак,
Эй якдилу якдин, ба ту Наврӯз муборак.
Эй лоиқи таҳсин, ба ту Наврӯз муборак,
Эй силсилакӯҳҳои Ватан дар бари ҳам рост,
Дар рӯи Замин кишвари ман аз ҳама зебост.
Ин мулки азиз оинапардози назарҳост,
Бо фоли наку омади Наврӯз ҳувайдост,
Эй соҳиби оин, ба ту Наврӯз муборак.
Эй чашма, ту фаввора бизан аз ҷигари санг,
Биштоб ту бар саргаҳи Роғун ба сад оҳанг,
Ин миллати ман, миллату бофазлу бафарҳанг,
Берун бикашад нур аз ин об ба сад ранг.
Эй қуллаи тамкин, ба ту Наврӯз муборак.
Наврӯз муборак ба ту, эй дидаи бедор,
Наврӯз муборак ба ту, эй миллати меъмор,
Наврӯз муборак ба ту, эй халқи сазовор!

Раҷаб САИДӢ,
омӯзгор, шаҳри Ваҳдат