ҶАШНЕ БОСТОНИЮ ҶОВИДОНӢ

Дар оғози моҳи марти соли равон дар «Фейсбук» наворе бо «амри маъруф»-и «шариатпаноҳ»-е аз як кишвари мусалмонии хориҷӣ муддате чарх зад. Ин «шореҳ»-и зиштгуфтор бо ҳарорату ҷаҳолат тафсир мекард, ки Наврӯз ҳаргиз ҷашн нест, таҷлили он аз гумроҳию ноогаҳист, оне, ки ба ин ҷашн эътиқод оварад, ҳаргиз мусалмон набувад.
Ӯ бо як навъ танаффури танзомез мегуфт, ки Наврӯз овони аз хок рӯидани сабзаву алафу гиёҳ аст ва мо, ки алафхор нестем, чаро ба ифтихори сабзидани рустанӣ ҷашн ороем! Бигзор, говону харон, ки алафхоранд, таҷлили Наврӯз бикунанд!
Чӣ ҷаҳолате, чӣ разолате ва чӣ ҳамоқате! Ва басо нишотбахшу гуворо буд, ки ба рағми ин гуфтаҳои бебунёду таҳқирбори «шариатпаноҳ» дарзамон садҳо нафар огаҳмандону равшанбинон ва соҳибдилон садо баланд карданду варо шадидан маҳкум намуданд ва хулоса ин буд, ки Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои мардумисту дар фосилаҳои таърих ба бисёр вартаҳои муҳлик бархӯрда бошад ҳам, устувору бегазанд мондаву то мо расидааст ва ҷовидонагӣ насибаш гашта. Ҳеҷ неруе, ҳеҷ талотуму тасодуме натавонад Наврӯзро маҳв кунад, чӣ расад ба як ҳамлаи хеле муғризонаву нотавонбинонаи кавдане!
Магар ниёгони барӯманду донишвару хушназари мо аз гумроҳию нодонӣ тавсифу ситоиши Наврӯз мекарданд?! Магар аз ҷаҳолаташон буда, ки гуфтаанд (муште аз хирвор):

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!
***
Наврӯз фаррух омаду нағз омаду ҳажир
Бо толеи саодату бо кавкаби мунир.
Манучеҳрӣ
***
Саҳро рухи худ ба абри Наврӯз бишуст
В-ин даҳри шикастадил зи нав гашт дуруст.
Хайём
***
Рӯзи Наврӯзу моҳи фарвардин
Омаданд, эй аҷаб, зи хулди барин.
Саъди Салмон

Наврӯз бо ҳама сохтору хилқату ҳадафу сиришташ ҷашни халқист, орзуву омолу хостаҳои халқро таҷассум мекунад, ба халқ шодию нишот, бахту саодат эҳдо менамояд. Аз ин рӯ, душмани Наврӯз душмани халқ аст ва:

Ҳар ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Боре дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбати гурӯҳе аз адибон шунида будам, ки мегуфтанд: агар дар таърихи башар ҳеҷ дине арзи ҳастӣ намекард ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашн ба миён меомаду таҷлил мешуд. (Ин ҷо ишора ба онҳоест, ки Наврӯзро ба оини зардуштӣ нисбат медиҳанд). Ман бар ин қазовати қотеонаи адибонамон комилан мувофиқам. Наврӯз ҷашнест табиӣ ва хеле шукӯҳманд. Бо фарорасии он оламу одам тағйир меёбад, замину замонро суруру нишот фаро мегирад. Ҳаво гарму мувофиқ ба кишту кор ва табиат бедор мешавад, аз ҷӯши гулҳо ҷаҳонро зебоӣ фаро мегирад, парандаю чарандаҳо ба гардиш меоянд, одамон ҳарфи шукр ба лаб аз хонаҳо берун мераванд, аз муҳосираи сармо озод мешаванд: «Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям!» Ҳатто пирони қоматхамидаву барҷомонда «устухонҳои танашонро ҷамъ карда», худро ба домани саҳро мекашанд:

Бо қомати хамида равам сӯи бӯстон,
Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст!

Агар гуфтаҳои пучу бемағзи он тафсиргари «як дарза риш»-ро ғараз манофеи динӣ бошад, пас, маълумаш бод, ки ба таъкиди донишмандони худбохабари воқеъбин, Наврӯз ба дини ислом ва дини ислом ба Наврӯз ҳеҷ мухолифате надорад. Аз нахустдавраи домангустарии дини ислом ба Аҷам хулафои ин дини мубин Наврӯзро пазируфтаву дар таҷлили он бо халоиқ даромехтаанд ва низ таъкид кардаанд, ки ҳар амали созгор ба тафреҳу шодмонии мардум (ба ҷуз маводи мускир) ба Худованд писанд аст, зеро Худованд бандагонашро дӯст дорад.
Бо тамасхуру эътироз ишора ба «алафхору гиёҳхор» набудани инсонҳо кардани «шариатпаноҳ» низ бисёр манфуру асафбор аст. Ҷои баҳс набуда, ки нахустхӯриши инсонҳо маҳз гулу гиёҳҳо будаанд. Алафу гиёҳҳо дармонбахши одамонанд, аксари дорувори муфид аз онҳо таҳия мешаванд. Алафу гиёҳҳо ба гунаи хамирмояанд барои тамоми хӯрокҳои баҳории мардум. Алафу гиёҳҳо заминаи ҳамешагиянд барои кулли таомҳо. Мегӯянд, ки ҳар қадар аз алафу гиёҳҳои баҳорӣ бештар истеъмол намоӣ, то баҳори нав сиҳҳатманд расидани ту кафолат дода мешавад. Ба хӯриши гуворову дармонбахшу неруафзо будани гулу гиёҳу алафҳо осори гаронмояи Ибни Сино, «Гиёҳнома»-и Ибни Муқаффаъ, ишораҳо дар ашъори шоирони бузурги тоҷик, «Канзи шифо»-и Ҳ.Зоҳидов… гувоҳӣ медиҳанд. Абулқосими Фирдавсии ҳамосасаро гуфта:

Куҷо буд алафзору оби равон,
Фуруд омад он ҷойгаҳ паҳлавон.

Ин байт аз Хоҷуи Кирмонист:

Валекин бад-ин домани кӯҳсор
Бувад манзиле хурраму сабзазор.

Лоиқи хушсухан дар хитоб ба Наврӯзу баҳор сароида:

Дар раги ҳар майсаат маҷрои ризқ
Баҳри абнои башар, шод омадӣ!

Наврӯз нишотбахши ҳамагон, ҷавонии ҷаҳон, иттиҳодбахши халқҳо, заминагузори ояндаи нек, сарманшаи ризқу рӯзӣ, оғози субҳи саодат, ҷавлонбахши ҳусну зебоӣ, барҳамдеҳи сармову зиштӣ, полоишгари дилҳо, ҳидоятгар ба кору амали писандида, мунодии дӯстиву осоиш, таблиғгари тозагиву озодагӣ… ва бисёр-бисёр накукориҳои дигар аст. Ин ҳама хисоли ҳамидаи хоси Наврӯзро дини мубини ислом низ ҷонибдориву ҳидоятгарӣ мекунад. Ва ин ҳама тавсифоти Наврӯз мутобиқу бозгӯ ба ормонҳои тамоми миллату халқҳои сайёраи бузурги меоянд. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ҷаҳониён пазируфтанд ва ин ҷашни ориёиасл мақоми байналмилалӣ пайдо кард.
Донишманди варзида ва санҷидагӯй Алии Шариатӣ дар ситоиши Наврӯз овардааст: «Агар рӯзе Худованд ҷаҳонро оғоз кардааст, мусалламан он рӯз ин Наврӯз будааст. Мусалламан баҳор нахустин фасл ва фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст».
Ба ин гуна дар мадҳу тавсифи Наврӯз аз гуфтораҳои бисёр хирадмандону накудоварон иқтибосҳо метавон овард, ки ҳар яке муште ба даҳони кинатӯзону нотавонбинони ин ҳумоюнҷашн хоҳад буд.
Аслан, ҳарзагуфтори ашхосе чун он «шариатпаноҳ» кирои посух гуфтан ҳам намекунад, зеро «дарё палид менашавад аз даҳони саг». Вале таҳаммул ҳам наметавон кард, чун Наврӯз ба гунаи фарзанди азизи Тоҷикистон аст ва ҳар гоҳ ки ба фарзанди азиз санги туҳмату надомат меафкананд, хомӯшу бетафовут биншастан норавост, балки имкон надорад…
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»