ХУШ ОМАДӢ!

Эй баҳори ҷонфизо, бар ин ҷаҳон хуш омадӣ!
Шод кардӣ пиру барно, шодмон хуш омадӣ!
То наҷӯям ман туро дар қуллаи Боми Ҷаҳон,
Худ сари вақт омадӣ, бо гулфишон хуш омадӣ!
Ҳар баҳори умри одам бебаҳо ганҷинаест,
Бо баҳори умри дигар ин замон хуш омадӣ!
Ҳамватанро мекунам табрик бо ҷашни хушат,
Нури дида, тоҷи сар, бар ин макон хуш омадӣ!
Ин чаман бишкуфта зебо аз сахову файзи ту,
Бо ҷаҳони файзу эҳсон дилситон хуш омадӣ!.
Аҳли олам дӯст дорад ҷашни Наврӯзи туро,
Омадӣ, бо ҷашни Наврӯзи ҷаҳон хуш омадӣ!

Саидмурод Расулӣ