ҲАДИСИ НАВРӮЗ

(Дар ҳавои сурудҳои халқӣ)
Бирафт айёми сармо,
Расид айёми гармо.
Табиат гашта дигар,
Тамошобоб ҳама ҷо.

Бойчечаки беқарор –
Пайғомовари баҳор.
Дар пуштаву доманкӯҳ
Мерӯяд қатор-қатор.

Расида моҳи ҳамал,
Омада вақти амал.
Деҳқон ба кор сар кард
Бо азму ҷаҳду ҷадал.

Ояд зи ҳар сӯ навид:
Наврӯз омад падид.
Ҷавониву тароват
Ба олам он бубахшид.

Мири наврӯзӣ дигар
Ба дунё гашта сарвар.
Ҳама ҷо пурнишот аст,
Ҳама ҷо тозаву тар.

Бо ҷилвааш табиат
Моро кунад ишорат:
Бояд зи кибру кина
Тоза намуд сират.

Рақсу шодию сурур
Муҳити мо карда пур.
Ранҷу дарду уқубат
Аз мо бодо дигар дур!

Деги суманак дар ҷӯш
Ба кафчазанӣ мекӯш!
Ҳама ранҷи зимистон
Бояд намуд фаромӯш…

Эй мардумони дилшод,
Кошонаатон обод!
Бар кулли халқи олам
Наврӯз муборак бод!

Абдулҳай Саидқосим,
омӯзгор, шаҳри Панҷакент