МЕҲРИ МОДАР

Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи Модар бо иштироки кормандон, аъзои маҳфилҳо ва волидони толибилмон ҳамоиш ботантана баргузор кард.
Ин ҳамоиш таҳти унвони «Меҳри модар» баргузор шуда, директори муассиса Ҳайдар Ҳайдарзода дар ситоиши Зан-Модар сухан гуфт. Гуфта шуд, ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва омили пойдории оила мебошад.
Роҳбарони маҳфилҳо ва толибилмон дар васфи модар ва муҳаббату самимияти ӯ суханронӣ кардаву шеърҳо хонданд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон