КАСБОМӮЗӢ — МАРОМИ ҲАМАГОН

Дар ин навишта сухан дар бораи духтарон ва заноне меравад, ки бо сабабҳои гуногун (асосан иҷтимоӣ — оилавӣ) аз таҳсил дур мондаанд.
Аксаран онҳо заноне ҳастанд, ки соҳиби аз як то панҷ фарзанд буда, оилавайрон шудаанд. Синну соли баъзеи онҳо аз 40 гузашта бошад ҳам, имрӯз дар дилашон шавқу завқи хондан ва соҳиби касбу ҳунар шудан ҷӯш мезанад.
Аммо надоштани маълумоти миёнаи умумӣ имкони дохил шуданро ба муассисаҳои касбӣ барояшон маҳдуд кардааст. Чунин занон дорои маълумоти аз синфи 4 то 8 ҳастанду бас. Дар рафти фаъолият дар мақомоти иҷроия ва ҳам ба ҳайси роҳбари якчанд муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо чунин занон ҳамсуҳбат гардидаам. Бо бовар метавон гуфт, қариб ҳамаи онҳо аз нахондан дар мактаб бениҳоят пушаймонанд ва чунин ҳолат ғайри хоҳиши онҳо ба амал омадааст.
Аксаран онҳо заноне ҳастанд, ки дар умри кӯтоҳи худ ҳам хиёнат, ҳам таҳқиру маломати хонадони шавҳарро дидаву шунида, бо як то панҷ фарзанд, чун бори гарони зиёдатӣ, ба хонадони падар баргашта, дар ин ҷо низ рӯзи хуш надидаанд.
Маълум аст, ки дар назди Вазорати маориф ва илм мактаби ғоибона фаъолият менамояд. Аммо аз деҳаҳои ноҳияҳои ҷумҳурӣ, заноне, ки соҳиби фарзандони ноболиғанду иҷора менишинанд ва ҳам зиндагиашонро базӯр пеш мебаранд, чӣ тавр омада дар пойтахт таҳсил менамоянд?
Дигар, касоне, ки фақат дорои маълумоти синфи чор ё панҷ ҳастанд, оё дар мактаби шабона имкони таҳсил кардан доранд? Чун дар мактаби шабона фақат ба синфи 8 қабул карда мешаванд, яъне дохилшаванда бояд дорои маълумоти на камтар аз синфи 7 бошад. Агар дар мактабҳои шабона имкони аз синфи панҷ қабул кардан фароҳам оварда шавад ҳам, оё он хоҳишмандоне, ки синнашон аз 30 гузаштааст, метавонанд дар чунин мактабҳо таҳсил намоянд? Фикр мекунам, албатта, не. Тасаввур намоед, хонанда бояд 4 сол барои гирифтани маълумоти асосӣ ва барои гирифтани маълумоти миёна чор соли дигар таҳсил намояд, ки ин аз имкони дур аст. Пас, чӣ бояд кард?
Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки:
— дар ҳар шаҳру ноҳия, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шуда, тибқи иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мактабҳои шабона ба роҳ монда шавад.
Масалан, агар хонандаи мактаби шабона ё ғоибона баъди хатм таҳсилашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ давом доданӣ бошад, дар асоси шартнома, масалан дар коллеҷи мо, таҳсил дар мактаби шабона — ғоибона ройгон ба роҳ монда мешавад;
— барои шаҳрвандоне, ки синну солашон аз сӣ болост ва маълумоти на болотар аз синфи панҷ доранд, барномаи махсуси таълимӣ таҳия намуда, комиссияи махсус бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳар сол як бор дониши онҳоро санҷида, тибқи дониши азхуднамуда ва синну солашон ба курсҳои на болотар аз якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ё худ маълумоти миёнаи асосӣ (синфи — 9), ё худ маълумоти миёнаи умумӣ (синфи -11)-ро муайян намоянд. Барои онҳое, ки дар санҷиш муваффақ нагардидаанд, тавсияҳо барои таҳсил дар синфҳои мутобиқ ба дониши доштаашон дар мактабҳои шабона — ғоибона пешниҳод карда шаванд.
Бояд зикр кард, ки боре чунин таҷриба дар ҷумҳурӣ соли 2011 амалӣ карда шуда буд. Он вақт барои хонандагоне, ки бо дастури Президенти мамлакат аз мактабҳои динии хориҷи кишвар ба Ватан баргардонида шуда буданд, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ чунин комиссияҳо таъсис дода шуда буданд ва барои ҷо ба ҷо намудани хонандагони баргашта шароити мусоид фароҳам оварда шуда буд.
Албатта, метавон гуфт, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ барои гирифтани касбу ҳунар шароити зиёде фароҳам оварда шудааст. Қариб дар ҳамаи ноҳияҳои мамлакат дар марказҳои шуғли аҳолӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, марказҳои таълими калонсолон, шаҳодатномакунии малакаи касбӣ ва ғайраҳо мавҷуданд. Аммо, агар кас хоҳишу завқи зиёд барои гирифтани таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дошта бошад — чӣ?
Фикр мекунам, ба хотири он ранҷу азобе, ки баъзе занону духтарони мо дар зиндагии оилавӣ дидаанд, месазад баҳри ба амал баровардани орзуи деринаи онҳо ҳиссагузор бошем.
Бовар дорам, дар оянда аз чунин хоҳишмандон мутахассисони хуби соҳаҳои гуногун дар бозори кор омода карда хоҳанд шуд.
Муассисаи мо ҷиҳати коркард ва таҳия намудани барномаи махсуси таълимӣ барои чунин хонандагон дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимӣ — методии ҷумҳуриявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикикистон омода аст.
Маҳмадсаид БОЯКОВ,
омӯзгори коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Бохтар