ПИРЯХҲО — ИНДИКАТОРИ ТАБИАТ

Мувофиқи маълумоти академик В.М. Котяков, пиряхҳо метавонанд то 700 соли дигар дарёҳои оламро бо об таъмин намояд. Майдони умумии пиряхҳои ҷаҳон ба 16 млн км2 мерасад. Ба ибораи дигар, пиряхҳо 11 фоизи сатҳи хушкиро ташкил медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги яхбандии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз рӯйи маълумоти пиряхшиносон дар қаламрави ҷумҳурӣ 8492 пирях мавҷуд буда, майдони онҳо ба 8,5 ҳазор км2 мерасад.
Ҳаҷми оби пиряхҳо 475 км3 –ро ташкил медиҳад. Қисми зиёди пиряхҳо пиряхҳои миёна ва хурд мебошанд. Пиряхҳои калон 18-то буда, дар баландиҳои 3800 то 5200м паҳн шудаанд. Аз ҷиҳати морфологӣ пиряхҳоро ба чор навъ тақсим мекунанд: водигӣ, карагӣ, овезон ва нишебии кӯҳҳо.
Қаламрави Тоҷикистон ба се ноҳияи яхбандӣ ҷудо карда мешавад. Ноҳияи якуми яхбандӣ қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо, Пётри якум, Ванҷ ва Дарвозро дар бар мегирад.
Ба ноҳияи дуюми яхбандӣ қаторкӯҳҳои Паси Олой ва Зулумарт тааллуқ доранд.
Ноҳияи сеюми яхбандӣ минтақаи Зарафшонро (қаторкӯҳҳои Зарафшон, Туркистон ва Олой)-ро фаро мегирад. Пиряхҳо дар ҳазаи дарёҳои Қаратоғ, Панҷ, Кофарниҳон, Сурхоб, Хингоб, Муқсу, Ванҷ, Язгулом, Бартанг, Мурғоб, Ғунд, Қизилсу ва Зарафшон ҷойгир шудаанд.
Аз ҷиҳати теъдоди пиряхҳо ҳавзаи дарёи Ғунд (1349) дар ҷойи якум, дарёи Муқсу (1004) ҷойи дуюм ва дарёи Мурғоб (879) адад дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Таҳқиқотҳои глятсиологӣ дар Тоҷикистон ба солҳои 70-ум ва 80-уми асри 20 рост меоянд.
Омӯзиши ҳаматарафаи пиряхҳои Тоҷикистон маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» (соли 2018) таъсис дода шуд. Кормандони ин марказ экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуда, ҳолати пиряхҳоро доимо мушоҳида менамоянд. Онҳо тавассути аксҳои кайҳонӣ ва насб кардани таҷҳизоти навин дар пиряхҳо вазъи онҳоро таҳқиқ мекунанд.
Маълумоти палеогеографӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар қаламрави Тоҷикистон марҳалаи яхбандии қадим (тибқи ҳисоби А.К. Трофимов) ба қайд гирифта шудааст. Марҳалаи якуми яхбандӣ Тупчак ва марҳалаи дуюм Лахш номгузорӣ шудаанд, ки онҳо дар давраи чорумини поёнӣ ва миёна ба амал омадаанд.
Аз рӯи ҳисобу китоби муҳаққиқон К.Ф. Станюкович ва В.М. Рейман, майдони яхбандии қадими Тупчак ба 29570 км2 ва Лахш ба 24860 км2 мерасидаст. Яъне, масоҳати яхбандии қадим аз имрӯза 3 баробар бештар будааст. Чӣ тавре ки муҳаққиқон қайд мекунанд, пиряхҳои он давраҳо ниҳоят бузург будаанд. Масалан, дарозии пиряхи Федченко ва Зарафшони имрӯза мутаносибан 171 км ва 104 км-ро дар бар мегирифтааст.
Майдони яхбандии имрӯзаи Тоҷикистон осори ками яхбандии қадим ба ҳисоб меравад. Дар тӯли даҳҳо ҳазор сол масоҳати яхҳо кам гардидааст. Ба ин таҳнишастҳои пиряхӣ (моренаҳо) шаҳодат медиҳанд.
Пиряхҳо индикатори табиат буда, тағйирёбии иқлимро муайян мекунанд. Тағйирёбии иқлим ба тамоми унсурҳои табиат таъсир мерасонад. Аблятсияи (обшавии) пиряхҳо гувоҳи ин гуфтаҳост.
Гарм шудани иқлим бештар дар ноҳияҳои қутбӣ ва наздиқутбӣ эҳсос мешаванд. Аз ҷумла, деградатсияи яхҳои Арктика идома дорад ва онҳо бошиддат об мешаванд.
Таҳқиқоти олимон ва коршиносон гувоҳӣ медиҳанд, ки майдони яхҳо дар кӯҳҳои Алп, Тиёншон, Қафқоз, Тибет, Ҳимолой ва ғайраҳо коҳиш ёфтааст. Чунин ҳолат дар ҷумҳурии мо низ ба мушоҳида мерасад. Оид ба ин масъала Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ иброз дошта буданд, ки дар садсолаи ахир дар кишвар беш аз 1000 пиряхи хурд нобуд гардидааст.
Пиряхи бузургтарини Тоҷикистон – Федченко аз солҳои 70 – уми асри 20 то ҳоло 1-1,5 км2 об шудааст. Пиряхи Гармо аз соли 1932 то 2005 то 7 км кӯтоҳ шудааст. Чунин ҳодисаи деглятсионӣ дар дигар пиряхҳои кишвар ба назар мерасад.
Дараҷаи коҳиш ёфтани пиряхҳо вобаста ба баландии сарҳади барфӣ иқлим ва мавқеи географиёӣ гуногун аст.
Солҳои ахир кам шудани майдони пиряхҳо ва босуръат об шудани онҳо оқибатҳои вазнини иҷтимоӣ, иқтисодӣ дошта, норасоии оби ошомиданӣ, паст шудани маҳсулоти кишоварзӣ, авҷ гирифтани фақр, доман паҳн кардани бемориҳои сирояткунанда ва ғайраҳо номгӯйи нотамоми пайомадҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани босуръати пиряхҳо ба ҳисоб меравад.
Оқибатҳои экологии он низ ташвишовар аст, аз ҷумла, ба амал омадани селҳо ва обхезиҳои шиддатнок мисоли ин гуфтаҳост. Бояд гуфт, ки 80 фоизи дарёҳои Тоҷикистон аз пиряхҳо сарчашма мегиранд. Кам шудани майдони пиряхҳо метавонад ба сарчашмаҳои обии тамоми Осиёи Миёна таъсири манфӣ расонад.
Дар натиҷаи деградатсияи пиряхҳои кишвар кӯлҳо ва релефи пиряхӣ ба амал омадаанд. Алалхусус, кӯлҳое, ки дар натиҷаи кори геологии пиряхҳо пайдо мешаванд, барои маҳалҳои аҳолинишин хатароваранд. Яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир, ҳифзи пиряхҳо маҳсуб мешавад.
Баҳри ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои зерро роҳандозӣ бояд кард:
1. Кам кардани партови газҳои гулхонаӣ (парникӣ) ба атмосфера.
Оид ба ин масъала даҳҳо ҳамоиши илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардида ва то ҳанӯз натиҷае надодааст. Маълум аст, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар партоби ин газҳо ба ҳаво ниҳоят ночиз аст, аммо табиат сарҳад надорад. Ҷараёнҳои ҳаво ба масофаи ҳазорҳо километр ин гуна газҳоро бурда метавонанд. Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон иқтисодиёти сабз ва энергияи сабз роҳандозӣ мегардад.
2. Афзоиш додани майдони ҷангалзорҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо.
3. Истифодаи оқилонаи обҳои ҷорӣ.
4. Истифода аз иқтисодиёти сабз ва энергияи сабз.
5. Ҷорӣ намудани обдиҳии қатрагӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ.
6. Баланд бардоштани фарҳанги истифодаи об.
7. Таъсис додани мамнуъгоҳҳои глятсиологӣ (пиряхӣ).
Пиряхҳо сарвати бебаҳои табиат буда, ояндаи инсоният маҳз ба ҳифзу истифодаи оқилонаи онҳо вобастагӣ дорад.
Ҷумъахон БАРОТОВ,
номзади илми география,
дотсенти кафедраи география ва сайёҳии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ