САФАР БА ШАҲРАКИ ЗОЛИ ЗАР

Гурӯҳи ходимони илмии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот барои аз наздик дидан ва мавриди баррасӣ қарор додани ёдгориҳои таърихӣ ва ё табиӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сафари хидматӣ анҷом доданд.
Ҳангоми сафар гурӯҳи олимонро муовини раиси ноҳия Раҳматуллозода Дилбар истиқбол намуд.
Ноҳияи Фархор дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми ноябри соли 1930 таъсис ёфта, маркази он шаҳраки Фархор мебошад. Фархор дар соҳили рӯди Панҷ ҷой дошта, дар марз бо Афғонистон, дар шимол бо ноҳияҳои Данғараву Восеъ, дар шарқ бо Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар ғарб бо Вахшу Ҷалолиддини Румӣ, дар ҷануб бо Панҷ ҳамсарҳад аст.
Фархор бахше аз вилояти таърихии Хуталон буда, номи он дар манобеи асрҳои миёна “Форғар” ё “Борғар” омадааст, ки дар он замон сарзаминеро, ки миёни рӯдҳои Порғари Ахшу ҷой дошт, меномиданд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар китоби худ “Шоҳнома” аз вожаи “Форғар” дар тасвири ҷангҳои подшоҳи Турон Афросиёб ёд кардааст.
Ёдгориҳои таърихии ин мавзеъ зиёда аз 100 ададро ташкил диҳанд ҳам, ходимони илмии пажуҳишгоҳ аз мавзеъҳои муқаддаси ин диёр, аз ёдгориҳои таърихӣ, ки арзи ҳастӣ доранд, аз ҷумла, Тамошотеппаи деҳаи Лолазор, шаҳраки Теппаи Боғ, Хумдони Кулолии Ҷамоати деҳоти Ватан, шаҳраки Золи Зари Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ, деҳаи Золи Зар, шаҳраки Кокул, Ҷамоати деҳоти Ғалаба, соҳили дарёи Панҷ, Қабристони қадими Иттифоқ, Ҷамоати шаҳраки Фархор, деҳаи Иттифоқ, Қалъаи Пушқоқи Ҷамоати деҳоти Дарқад, деҳаи Шараф, Димнаи Ғоибшаҳиди Ҷамоати деҳоти Дарқад, деҳаи Меҳробод, теппаи Шоҳи Аҳтамҷони Ҷамоати деҳоти Ғайрат, Димнаи Шӯртеппаи Ҷамоати деҳоти Ватани деҳаи Лолазор, шаҳраки Чоргултеппаи Ҷамоати деҳоти Зафар, деҳаи Чоргул, Маскани Макони Мори Ҷамоати деҳоти Ғалаба, корвонсаройи Оби Тоҳир, корвонсаройи деҳаи Навобод, Қалъаи Хоҷа Муъмини ҷамоати деҳоти Гулшан, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳраки Фархор, теппаи «Дугоникҳо» (қаблан дугонаҳо), «Санги шикоф» («Санги сӯрох» ҳам мегӯянд) дар кӯҳи Қаратов огаҳӣ пайдо намуданд.
Ходими илмии осорхонаи ноҳияи Фархор Ҳабибуллоҳ Ғаффоров, ки шахси донишманд мебошад, ходимони илмии пажуҳишгоҳро роҳбаладӣ намуд.
Ниҳоят, ҳайати гурӯҳи кории пажуҳишгоҳ натиҷаи хуберо дар омода намудани инвен-таризатсияҳо, сабтҳои овозӣ, видеоӣ ва бардоштани зиёда аз 390 адад расму нигора ба даст оварданд.
Ш. Абдуллоев,
ходими калони илмии
Маркази мероси фарҳанги
ғайримоддии тоҷикон