НАҚШИ ОМӮЗГОР БУЗУРГ АСТ

Омӯзгор бояд аз ҳар ҷиҳат намуна ва соҳиби донишу ҷаҳонбинии пешрафта бошад. Ҷомеа дар ҳама давру замонҳо, новобаста ба шакли ҳуқуқӣ, гирифтори баъзе ноҷӯриҳо мегардад.
Дар ҷумҳурӣ бо вуҷуди тадбирҳои зиёди давлату ҳукумат, дастуру супоришҳои мунтазами Пешвои миллат ва таҳияи асноди гуногуни меъёриву ҳуқуқӣ, баъзе ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки барои мо хушоянд нестанд. Дар муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст, ки ин ниҳод дар истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу милки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд чун мақоми ваколатдор назорати давлатии молиявӣ ба роҳ мемонад. Барои амалӣ гардондани ҳадафҳо дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” амал мекунад. Ғайр аз ин, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025) низ ба тасвиб расиданд, ки ҳамагӣ барои пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии ҷомеа ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ равона карда шудаанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки надоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ боиси сар задани бисёр иштибоҳҳо дар ин самт мегарданд. Аз ин рӯ, дар ҷараёни ташкили вохӯриҳо падару модарон иштирок намоянд, боз ҳам хубтар мешавад. Ин маънӣ дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон аз забони устодон пайваста таъкид мешавад. Аммо беҳтар он аст, ки барои пешгирӣ аз ин амалҳо аз кӯдакистон ва мактаби миёна сар карда, то мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба таълими чунин мавзуъҳо тавассути фанҳои марбута, инчунин, тадбирҳои гуногуни маърифатӣ, вохӯрӣ бо донишмандони соҳа ва мутахассисони кордон аҳамияти бештар диҳем.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки баланд гардидани обрӯ ва эътибори омӯзгор ва мактабу маориф аз бисёр ҷиҳатҳо ба худи устодону омӯзгорон вобаста аст. Пас, моро мебояд ҳар чӣ бештар донишҳои ҳуқуқии худро такмил диҳем ва дар ҳифзи эътибори худ, мактаб ва маорифи кишвар мавқеи сазовор дошта бошем.

Манучеҳр ҲАБИБЗОДА,
корманди ДҶТИБКСМ