ОМӮЗГОРИ НАХУСТИН

Модарон сарчашмаи зиндагии аҳли башар ба шумор рафта, бе вуҷуди онҳо ҳаёт нуру сафою бақо надорад.
Бо суруди «Алла»-аш аввалин сабақи зиндагиро модар ба мо омӯзонда, руҳу равонамонро тарбият менамояд. Беҳтарин ҳидоят дасти дуои модар аст. Пайғамбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) биҳиштро зери қадами мубораки модар гуфта, меҳру муҳаббати беохири модарро ба фарзанд бо меҳрубонии Худованд баробар донистааст. Инсон дар лаҳзаҳои гарони зиндагӣ аз модар тақозои имдод мекунад ва бовар бар он дорад, ки ӯ роҳи дурустро нишон медиҳад. Ҳаким Фирдавсии Тусӣ мефармояд:
Ба гетӣ ҳама панди модар ниюш,
Ба бад тез маштобу бар бад макӯш!
Шабу рӯз чун ҷон гиромиш дор,
Ки чун ҷон бипарвардат андар канор.
Ҳамеша бояд ба қадри заҳматҳои модар бирасем, зеро ӯ аз баҳри фарзанд пайваста дар зиндагӣ талош мекунад.
Ҳар қадар ки хидмати модарро ба ҷо орем, ба якшаба бедорхобии ӯ баробар шуда наметавонад.
Беҳтарин давраи ҳаёти мо айёми кӯдакӣ дар оғӯши меҳрбори модар аст, чун ба воя мерасем, зиндагӣ бо тамоми паҳлуҳояш дар баробари мо қарор мегирад.
Воқеан, омӯзгори нахустини ҳар фард модар мебошад:
Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест
Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.
Ҳеҷ каси дигар дар ҳаёт ба ҷои модар буда наметавонад, яъне, ӯро иваз карда наметавонад. Устод Лоиқ Шералӣ дар ин бора мегӯяд:
Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар.
Мақому мартабаи Зан-Модар дар ҳама ҷомеаҳои мутамаддин баланд буду ҳаст. Дар замони мо бонувон, ба ҳайси тарбиятгари даврони соҳибистиқлол, дар ҳамаи бахшҳои ҷамъият аз роҳбарӣ сар карда, то дигар вазифаҳо сарбаландона заҳмат мекашанд. Модарони оқилу фарзона беҳтарин инсонҳоро тарбият кардаанд. Вобаста ба ин мавзуъ, Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб бамаврид таъкид менамояд:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Фатҳуллоҳ Сафарзода,
омӯзгори МТМУ №50,
шаҳри Панҷакент