СУҲБАТЕ ПУРФАЙЗ ДАР КӮҲДОМАН

Мегӯянд, ки ҳар ҷо зани бомаърифат роҳбар аст, он ҷо тозагию зебоӣ ва адолат ҳукмфармост. Ҳар кореро оғозеву идомаи некаш ҳусн мебахшад. Дар оғози соли равон ба таълимгоҳи мо зани ҳалиму бомаърифат Оростамо Гиёева ба ҳайси директор ба кор омаданд.
Дар муддати хеле кӯтоҳ муаллима дар байни кормандону волидон эҳтиром пайдо карданд ва ба тозакориҳо дар кори таълиму тарбия шуруъ намуданд.
Бо роҳбарии сарвари нави мактаб бисёр камбудҳоро бартараф кардем. Пеш аз ҳама, сифати машғулиятҳо беҳтар ва робита бо волидон пурсамартар гашт. Мо хуб дарк кардем, ки роҳбарамон бонуи боназокат ва кордону ғамхоранд, баҳри беҳбуди кор сахтгирӣ мекунанд, соҳаи маорифро хуб медонанд.
…Он рӯз мо фориғ аз дарсҳо ҳама чун ҳамеша сарҷамъона дар саҳни мактаб машғули корҳои марбут ба тозагӣ ва тартибот будем. Сарварамон О.Гиёева низ бо мо даст ба кор буданд. Ин дам зани хушқадду қомат ва кушодачеҳрае вориди саҳни мактаб шуд ва мо — омӯзгоронро бо роҳбарамон машғули кор дида, ба назарамон, бештар болидахотир гашт. Аз муаррифии сарвари мактабамон дарёфтем, ки ин бонуи озода мудири шуъбаи маорифи ноҳияамон — Исмоили Сомонӣ Ҳусния Кӯчарзода будаанд.
Хуб дарк кардем, ки муаллимаи азиз Ҳ. Кӯчарзода бонуи хеле соҳибмаърифатанд. Дар суҳбати озод бо мо ончунон суханронӣ мекарданд, ки шунаванда мафтун мешуд. Дарси хираду маърифат ва ҳунари омӯзгорӣ буд суҳбати эшон.
Ман аз ин суҳбат як бори дигар бовар ҳосил кардам, ки «Суҳбати ҷонпарвар аст суҳбати омӯзгор». Мо – омӯзгорон қаноатманд аз онем, ки солҳои ахир дар соҳаи маориф тағйироти сифатӣ бисёр ба вуқуъ мепайвандад. Аз ҷумла, мутахассисоне ба роҳбарӣ пазируфта мешаванд, ки воқеан соҳибхираду кордону маърифатпарваранд ва баҳри таълиму тарбияи насли наврас ҷидду ҷаҳди фаровон доранд. Бонувони муваффақи соҳаи маориф, чун Ҳ. Кӯчарзода ва О. Гиёева обрӯю эътибори занони тоҷикро боз ҳам афзун мекунанд. Сафашон бештар бод!
Мастура Бобиева,
омӯзгори мактаби №61,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ