ШУМОРАИ НАВБАТИИ «ОМӮЗГОР» НАШР ГАРДИД

Шумораи навбатии «Омӯзгор», (№ 11-12, аз 16 марти соли 2023) бо Паёми шодбошии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Модар хуршеди нерубахш ва дарёи меҳр аст» шуруъ гардида, доир ба Рӯзи Модар ихтисос дорад. Матлаби дигар – «Ҷашни пирӯзии нур бар зулмот» гулчини суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ситоиши Наврӯзи дилафрӯз қисса мекунад. Дар саҳифаҳои дуюм ва сеюми рӯзнома матолибе ба нашр расидааст, ки набзи маорифи кишварро инъикос кардаанд.
«Нафаси тозаи Наврӯз муборак бод!». Бо чунин навишта Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба табъ расидааст, ки кулли кормандони соҳаи маорифро табрик намудааст.
Чунонки маълум аст, 11-март – Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Чанд матлаб, ки доир ба ин мавзуъ навишта шудааст, аз заҳмати кормандони ин соҳа нақл мекунад. Ҳамчунин, дар саҳифаи навбатии рӯзнома чанд андешаи дигар доир ба ҳаёти соҳаи маориф, аз ҷумла, баргузории олимпиада, Шурои миллии таҳсилоти Тоҷикистон баён гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар ҳафта рӯзнома ба масоили ифротгароӣ, мазаммати дигари амалҳои номатлуби ҷомеа, заминаҳои худшиносии миллӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он матолиберо ба нашр мерасонад. Дар ин шумора низ аз ин силсила мақолаҳои хонданӣ ба табъ расидааст. Рӯзномаи «Омӯзгор» дар ҳар шумораи хеш фикру андешаҳои омӯзгорону муаллифони пешқадамро бо мақсади тақвият бахшидани сифати таҳсилот ба нашр мерасонад. Дар ин шумора низ аз ин силсила навиштаҳои Ҷангибеки Улфатшоҳ, Давлат Шерализода, Набӣ Кодиров, Маҳмадсаид Бояков, Ҷумъахон Баротов, Бӯрӣ Ҳайдаров, Шариф Абдулҳамидов, Фирӯзҷон Насриддинов ва ғайра ба табъ расидааст.
Зери рубрикаи умумии «Ҷашнвора» дар чор саҳифаи «Омӯзгор» як идда матолибе ба нашр расидааст, ки аз таърихи ҷашнгирии Наврӯзи дилафрӯз ба хонандагон иттилоъ додаанд.
«Касбомӯзӣ– мароми ҳамагон», «Иштироки волидон дар дарс самар меорад», «Синфхонаи инноватсионӣ», «Пирӯзӣ дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ», «Нақши омӯзгор бузург аст» ва ғайра аз ҷумлаи навиштаҳоест, ки ба масоили мактабу маориф ва мушкилоти соҳа нақл мекунад.
Иддаи дигари навиштаҳо дар бораи омӯзгорони пешқадами ҷумҳурӣ қисса мекунад. «Шоҳи фанҳо»-и синфҳои ибтидоӣ», «Фаъолияти ибратбахш», «Нақши омӯзгор бузург аст», «Омӯзгори нахустин», «Пир ҳаст, тадбир ҳаст» ва ғайра аз ҳамин қабил аст.
Як қатор эълону рекламаҳо дар бораи баргузории озмунҳо бо номҳои «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо», «Тоҷикистон диданист», «Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа», «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба» иттилоъ пешкаши хонандагон, мухлисони нашрияи «Омӯзгор» гардонидааст.
Навбатдорони шумора Абдурауф Муродӣ ва Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»