Аз_суханрониҳо. НАХУСТИН ФОРУМИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН

Имрӯз (14.03.2023) дар қисмати аввали Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ», ки дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, муҳимтарин масъалаҳои илмию таълимӣ ва байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ., вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Абдураҳмонов И.Ю. ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханрониҳои худ аз муҳиммияти баргузории Форуми мазкур ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳамоиш бори аввал миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дӯст – Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад.
Дар форум намояндагони зиёда аз бист муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон ва намояндагони зиёда аз сӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.
Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ равобити муштараки донишгоҳҳо ва марказҳои илмию таълимӣ муҳим мебошад. Ҳамкориҳои имрӯзаи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намоянд. Гуфта шуд, ки дар мавриди тамоюлҳои таҳсилоти муосир нақши калидии ду раҳбар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар рушди муассири равобити ҳамаҷонибаи кишварҳо, инчунин, муайян ва татбиқи стратегияи рушди онҳо махсус таъкид кардан зарур аст.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ ва байналмилалии кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли рушд қарор доранд. Гуфта шуд, ки ин аввалин вохӯрии дастаҷамъонаи ректорони донишгоҳҳои мамлакатҳои бародар мебошад. Форуми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматӣ дар робита ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 30 майи соли 2022 ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи Форум омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳо мебошад. Умед аст, ки Форум ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва инноватсионии ҷонибҳо такони нав бахшида, марҳалаи муҳими рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мегардад.