ОҒОЗИ ФОРУМИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБЕКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Ифтитоҳи Форум аз тамошои дастовардҳои илмию таълимӣ ва инноватсионии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт.

Дар ҷараёни Форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ., Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Абдураҳмонов И.Ю. ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду кишвар иштирок доранд.

Тибқи барнома форуми мазкур дар ду бахш: «Муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ: афзалиятҳо ва траекторияи рушд» ва «Ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти нав» доир мегардад.
Дар назар аст, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.