НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ДАР ВАЗОРАТ

27-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм бо Син Лонг – мутахассиси калони бахши иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд (БОР) баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Шукрулло Хайрзода — муовини вазири маориф ва илм, Жукка Туливуори – мутахассиси бахши иҷтимоии БОР, Мадин Дизон – таҳлилгари лоиҳаҳои БОР, Ганҷина Фозилова – корманди шарики лоиҳа, Фирӯза Додомирзоева – ёрдамчии калони лоиҳа ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ Раҳим Саидзода аз ҳамкории судманди тарафҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам дар сатҳи беҳтар идома додани ҳамкорӣ, тавсиа бахшидани фаъолият дар доираи лоиҳаҳои гуногун ва расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда ба ҳозирин пешниҳодҳо ироа намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, аз такмили ихтисос гузаронидани муаллимони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва математика ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон