НАХУСТҶАЛАСАИ ШУРОИ МУОВИНОНИ РЕКТОР

27-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ҷаласаи нахустини Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Ҷамшед Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илм, кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм ба ҳозирин аз номи вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва ҳайати мушовараи вазорат барои фаъолияти самарабахш ва иштирок дар ҷаласа изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҷамшед Ҷӯразода зикр кард, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона ва илмҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф Вазорати маориф ва илм Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таъсис дод.
Сипас, ҷаласа тибқи рӯзнома баргузор гардида, дар он 4 масъала:
— интихоби раис, муовинон ва котиби Шуро;
— баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи кори Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои соли 2023;
— баррасии масъалаи “Оид ба ҳолати маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти касбии зертобеи вазорат дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе”;
— таҷрибаи фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ аз ҷониби Рамазон Абдуллозода — муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.