ОҒОЗИ ДАВРИ АВВАЛ

Дар даври аввали муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик доир гардид, 710 хонанда ва 27 омӯзгор иштирок намуда, аз ин ҳисоб 91 хонанда ва 7 омӯзгор ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифт.
Сокинони ноҳия низ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» фаъолона иштирок менамоянд.
Имсол ба озмунҳои қаблии ҷумҳуриявӣ боз як озмуни дигар — ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» илова гардид, ки мақсад аз ташкили он огоҳии бештар пайдо намудани шаҳрвандон аз таъриху маданият ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Даври аввали озмуни мазкур дар аксар корхонаю ташкилот ҷамъбаст гардид. Оиннома, шартҳо ва тарзи баргузории озмунҳо ба ҳама дастрас буда, шаҳрвандон метавонанд бо онҳо шинос шуда, озодона дар озмунҳо иштирок намоянд.