НАМОИШИ БЕҲТАРИН ДАСТОВАРДҲОИ МАҲФИЛҲО

Дар раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз чил нафар аъзои маҳфилҳои гуногуни Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр иштирок намуданд. Мақсади озмун рушд додани тафаккури зеҳнию ақлонии кӯдакону наврасон мебошад.
Дар озмун 20 нафар аз рӯи шартҳои ҳунарҳои мардумӣ, ихтироъкорию навоварӣ, сайёҳию кишваршиносӣ, табиӣ — экологӣ ғолиб дониста шуда, ба озмуни вилоятӣ роҳ ёфтанд.
Масъулини Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ изҳор доштанд, ки даври вилоятии он 15-уми март дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маркази вилоят баргузор карда мешавад.
Озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) бахшида шуд.