АСРОРИ МАҲУ ХУРШЕДУ ФАЛАК

Ҳангоми ба остонаи мактаб қадам гузоштани наврасон омӯзгори пухтакор онҳоро ба олами атроф ошно сохта, оид ба табиат маълумот медиҳад. Табиати пурасрор ва донистани ҳамаи ҳаводиси он амри муҳол аст, аммо шарҳи дурусти ҳодисаҳо, дар асоси тавзеҳи олимон ба хонанда манфиати калон дорад. Баъзе хурдсолон ба мо саволҳои аҷиб медиҳанд.
Масалан, «Офтоб шабона куҷо меравад?», «Моҳ бо Офтоб чӣ алоқамандӣ дорад?», «Рӯз ва шаб чӣ гуна ба амал меоянд?», «Оё Моҳ рӯшноӣ медиҳад?» ва ғайра. Омӯзгорони синфҳои поёнӣ ба ин саволҳо бештар дучор мешаванд ва дар шарҳи ҳодисаҳо баъзан мушкил пеш меояд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба омӯзгорони табиатшиносӣ, хусусан, ба омӯзгори физика, муроҷиат намоянд, маслиҳат гиранд ва ба хонанда ҷавоби қаноатбахши илмӣ диҳанд.
Физика баҳрест беканор, ганҷинаест пурасрор.
Офтоб манбаи асосии энергия дар рӯи Замин мебошад, чунки гармӣ ва рӯшноии офтоб ба замин таъсири бузург расонида, олами зиндаро ба вуҷуд меорад. Он дар масофаи тақрибан 150 млн километр дур аз Замин ҷойгир шуда, ба Замин рӯшноӣ ва гармӣ медиҳад. Агар гармӣ ва рӯшноии Офтоб набошад, рӯи заминро яхбандӣ фаро гирифта, дунё торикистон мегардад, ҳамаи мавҷудоти зинда нест ва ҳаёт қатъ мегардад. Офтоб ситораи калонтарини ба мо наздиктарин мебошад, ки дар атрофаш нуҳ сайёраи бузург, аз ҷумла, Замин низ давр мезанад.
Замин сайёраест, ки дар он ҳаёт вуҷуд дорад. Дар натиҷаи давр задани Замин дар гирди меҳвари худ, ки ин тақрибан дар 24 соат ба амал меояд, як шабонарӯз ҳосил мешавад. Яъне, Замин ҳам дар атрофи Офтоб бо ҳашт сайёраи дигар давр мезанад ва ҳам дар атрофи меҳвари худ давр мезанад. Дар натиҷаи давр задани Замин дар атрофи Офтоб, ки он тақрибан 365-366 шабонарӯз аст, сол ҳосил мешавад. Дар натиҷаи даврзании Замин қисмҳои Замин, ки ба Офтоб намоён аст, дар як ҷой рӯз мешавад ва дар нуқтаҳои нонамоён ба Офтоб шаб ба амал меояд. Суръати паҳн шудани рӯшноӣ тақрибан дар як сония сесад ҳазор километр соат мебошад, ки тақрибан муддати ҳашт дақиқа ба замин мерасад.
Моҳ ҳамсафари табиии Замин аст, ки аз он дар масофаи 384000 км дур воқеъ буда, дар гирди Замин давр мезанад. Даври гардиши он дар атрофи Замин тақрибан ба 29,6 шабонарӯзи заминӣ баробар аст, ки он як моҳи солшумории қамарӣ мебошад. Моҳ аз худ равшанӣ намедиҳад, яъне манбаи рӯшноӣ нест. Акнун саволе ба миён меояд, ки чаро шабона Моҳ рӯшноӣ медиҳад? Бояд бидонед, ки Офтоб нисбат ба Моҳ хеле дур аст ва ба Моҳу дигар сайёраҳо гармӣ медиҳад. Рӯшноие, ки шабона мо дар Моҳ мебинем, акси рӯшноии Офтоб ба сӯи Замин мебошад. Моҳ дунёи хомӯшест, дар он на об ҳасту на ҳаво. Бори аввал ба тадқиқоти Моҳ аз тарафи Иттиҳоди Шуравӣ ба он «Моҳгард» бароварда шуд, ки аз Замин идора карда мешуд.
12 июли соли 1969 кайҳоннавардҳои амрикоӣ Олд-ринг, Коллинс ва Армстронг бо киштии кайҳонии «Аполлон-11» ба Моҳ парвоз карданд. Дар ин лаҳза устоди кайҳоннавардон Верихер Ван Броун аҳамияти парвози ин киштиро чунин баён мекунад: «Таҷҳизоте, ки то ин дам ба Моҳ тавассути он бе одам парвоз карда буд, ба мо каму беш маълумот доданд. Ин дар кашфи кайҳон, албатта, муваффақияти калон аст. Парвози кайҳоннавардон ба Моҳ дар ин ҷода қадами бузургу устуворе хоҳад буд. Ин барои инсоният зинаи нави тараққиёт аст».

Ҷамолиддин Ҷалолзода,
омӯзгори физикаи МТМУ №84, шаҳри Ҳисор