ОМӮЗИШИ ИЛОВАГИИ МАТЕМАТИКА

Ду навъи чорабинии беруназсинфиро фарқ кардан лозим аст: кор бо хонандагони сустхон ва кор бо хонандагоне, ки ба омӯзиши математика мароқ зоҳир менамоянд. Навъи якуми чорабиниро чун дарси иловагӣ фаҳмидан мумкин аст, ки онро асосан дар ҳамаи мактабҳои ҳамагонӣ истифода мебаранд.
Навъи дигари чорабиниҳои беруназсинфӣ аз математика хонандагони ба математика шавқмандро муттаҳид мекунад. Ба ин навъ чунин корҳоро дохил намудан мумкин аст:
а) Маҳфили математикӣ;
б) Ҳафтаи математикӣ;
в) Мусобиқаҳо, бозиҳо, викторинаҳо ва оз-мунҳои математикӣ;
г) Олимпиадаҳои математикӣ;
д) Конференсияҳои илмии дохилимуассисавӣ;
е) Тайёр кардани маъруза, реферат ва моделҳои математикӣ;
Як навъи ҷолибу пурсамари чорабиниҳои беруназсинфӣ, ки мо дар муассиса ба роҳ мемонем, маҳфили «Математикони ҷавон» мебошад. Ин маҳфил одатан дар синфҳои мувозӣ баргузор шуда, хонандагон 2-3 ҳафта тайёрӣ мебинанд. Маҳфиле, ки мо дар байни хонандагони синфҳои ҳаштум доир кардем, аз ду гурӯҳи 12 – нафарӣ иборат буд.
Нақша:
1. Саломнома.
2. Саволҳо аз таърихи математика.
3. Маълумот дар бораи олимони машҳури математика.
4. Баргузор кардани бозии математикӣ.
5. Намоиши саҳначае, ки мазмуни математикӣ дошта бошад.
Дар қисми саломнома хонандагон аз шеърҳои математикӣ ва суханони олимони машҳури математика истифода бурда, номи даста ва аъзои гурӯҳро муаррифӣ мекунанд. Дастаи «Ал-Хоразмӣ» ва «Евклид», инчунин, газетаи деворӣ ва асбобҳои аёнии сохташударо низ ба намоиш гузоштанд.
Дар қисми дуюм аз тарафи ҳакамон ва омӯзгорони математика 5 саволи вариантдор ва 5 саволи бевариант пешниҳод мегардад.
Дар қисми сеюм хонандагони гурӯҳи «Ал-Хоразмӣ» дар бораи Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ — олими намоёни тоҷик ва гурӯҳи «Евклид» дар бораи Рене Декарт — математик, физик, файласуфи фаронсавӣ, асосгузори геометрияи аналитикӣ маълумот доданд.
Дар қисми чорум аз ҳар гурӯҳ сенафарӣ интихоб шуда, рақамҳои ба 15 — каратӣ, масалан: 15, 30, 45, 60, 75, 90 дар варақчаҳо навишташударо пай дар пай ба пушташон мечаспонем, вале худашон бояд рақами худашонро набинанд. Вақте ки ҳамаи шаш нафар омода шуд, аз байнашон як нафар рақамҳои дигаронро дида, бояд рақами худашро ёбад ва дар охир маълум мешавад, ки кадом гурӯҳ ғолиб омад.
Дар қисми панҷум ҳарду даста саҳначаҳои ҷолиберо баҳри омӯзгорон ва хонандагон пешкаш намуданд. Аз маҳфили баргузоргардида муайян гардид, ки дастаи «Евклид» бартарии зиёдтар нишон дод.
Ҳадаф аз баргузор намудани маҳфили «Математикони ҷавон» бедор намудан ва инкишоф додани майлу рағбати хонандагон ба математика, қобилияти мустақилона ва эҷодкорона кор кардан мебошад.

Бунафша Қаландарова,
омӯзгори математикаи МТМУ №1,
ноҳияи Ёвон