БОНУВОНИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК

Зиндагии моро шукӯҳу шаҳомат аз занон аст, ҳастии онҳо маънибахшу зинатафзои ҳаёт буда, идомаи наслҳоро таъмин мекунад, имрӯзро бо фардо мепайвандад. Ба шарофати занон муҳити моро гармию ғамхорӣ, бахту саодат фаро мегирад, зиндагӣ пурнишот мегардад. Занон раҳнамо, ҳидоятгар ва илҳомбахши ҳамагонанд ва пайваста бар он мекӯшанд, ки оламро сулҳу осоиш, дӯстию рафоқат ва меҳру муҳаббат фарогир бошад. Орзуву таманнои доимии занон он аст, ки касе ҳеҷ гоҳ заррае озор набинад ва ҳама хушбахту некрӯз набинад. Занони тоҷик саропо сиришта аз меҳрубонию самимияту садоқатанд ва дар накукорию нексириштӣ ҳамто надоранд.
Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки занони тоҷик аз қадим хазинаи меҳру меҳрубонӣ будаанд ва ҳамчунин, дар ҷасорату шуҷоат шуҳраи офоқ гардидаанд. Занони тоҷик дар марҳалаҳои муайяни таърих сарварии кишвар кардаанд, бар зидди душманон дар сафи мардон ҷангидаанд, дар сабқатҳои бузург ба пирӯзӣ расидаанд. Назаре танҳо ба ду асари барҷаста — «Шоҳнома» ва «Самаки айёр» кофист, то бидонем, ки чӣ тавону қудрату бузургиеро доро буда зани тоҷик. Занони тоҷик дар арсаи кору фаъолият низ пешсафу муваффақ будаанду ҳастанд.
Мегӯянд, ки барои корномаи шоиста муҳиту имконоти созгор мебояд, ки ин амрест барҳақ. Чунин муҳиту имконот барои занони тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ фароҳам омад. Истиқлол дастгири занон гашт ва барои фаъолияти густурдаи онҳо шароити мувофиқ ба миён овард. Метавон гуфт, ки бо фаро расидани истиқлол дар Тоҷикистони азизамон барои занон марҳалаи дилхоҳу пурсамар оғоз ёфт. Ин марҳала боз аз он шукӯҳи тоза пазируфт, ки дар сиёсати хирадбунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба занон, ба нерую тавони онҳо, ба садоқату муҳаббати онҳо дар меҳвар қарор дода шуд. Сарвари давлат дар рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон батакрор таъкид мекарданд, ки занон неруи тавонои созандаву наҷотбахшанд ва мо ба нақши бузурги онҳо дар бартараф кардани мушкилоти айём ва ба ақлу заковаташон эътимоди комил дорем. Воқеан занони тоҷик барои тантанаи сулҳу ваҳдат, ба вуҷуд овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва нуқтаи таммат гузоштан ба ҷангу ихтилофот хидмати таърихӣ карданд.
Бо ибтикору дастурҳои Пешвои миллат дар ҷомеаи тозабунёди тоҷикон давра ба давра мавқеи занон устувортару бапаҳнотар гашт, эътибору эътимод ва бовар ба онҳо боз ҳам афзуд. Соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид, ки сафҳаи тозае гардид дар ҳаёту фаъолияти бонувони кишвар. Ҳамбаста ба ин фармон минбаъд як силсила асноди ҳуқуқию меъёрӣ, аз ҷумла, Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2020” таҳия ва қабул гардиданд, ки мавқеи занонро дар ҷомеа боз ҳам устувортар ва ба афзудани фаъолияти занон мусоидат намуданд. Ин тадбирҳои муҳими сатҳи давлатӣ, ҳамчунин, мувофиқат ба ҷалби бонувон ба соҳаи варзиш ва бешгардии таваҷҷуҳу эътибори онҳо ба ин соҳа гардиданд. Ин буд, ки дар оғӯши истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон сафи варзишгарбонувон хеле афзуд ва комёбиҳои онҳо дар ин самт назаррасу гуногунпаҳлу гашт. Бонувони тоҷик анъанаҳои пешиниёни шуҳратёри худ, аз ҷумла, Зебунисо Рустамова, Гавҳар Пӯлодова, Эрика Шиллерро идома бахшида, ба шуҳрати варзиши тоҷик шуҳрат зам бинмуданд. Сол то сол теъдоди бонувони варзишгар дар тамоми минтақаҳои Ватанамон бештар мегардад. Бонувони кишвар ҳам дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сабқатҳои байналмилалӣ бомуваффақият ширкат меварзанд. Зумрае аз онҳо дар қатори беҳтарин варзишгарони ҷаҳон мавқеъ дарфётаанд. Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки аҳли ҷомеаи мо имрӯз ба бонувони варзишгар бештар таваҷҷуҳу эҳтиром доранд, аз комёбиҳояшон гарму самимӣ ва бо ифтихор истиқбол мегиранд. Мехоҳем ба шарафи Рӯзи Модар — ҷашни зебову нишотбор ба рамзи ситоишу арҷгузорӣ ва сипосгузорӣ зикри ному корномаи чанде аз варзишгарбонувони муваффақи кишвар бикунем.
Бонуи чусту чолок ва ғайратманди тоҷик Гулсара Дадабоева дар намуди варзиши сабук (марафон) дар арсаи ҷаҳон маъруф гардидааст. Ӯ соли 1996 дар Бозиҳои олимпии Атланта, солҳои 2000 ва 2004 мусобиқаҳои бонуфузи Сидней (Австралия), Афина (Юнон) ширкат варзида, дар сафи ғолибон ҷой гирифт ва соҳибунвон шуд.
Нигора Ҳомидова, варзиш-гардухтари дигари тоҷик аст, ки дар намуди хеле неруталаби варзиш – кикбоксинг тамрин дорад. Борҳо дар мусобиқоти сатҳи баланд ба пирӯзӣ расидааст. Нигора дорандаи «Камарбанди сиёҳ» ва соҳибунвони Қаҳрамони ҷаҳон оид ба кикбоксинг дар байни наврасон (с.2006) мебошад. Дар ду мусобиқаи байналмилалӣ (шаҳри Душанбе – 2005 ва шаҳри Чирчиқ (Ӯзбекистон) ба комёбӣ расидааст.
Ба ин намуди варзиш –кикбоксинг боз бонуи тоҷик Зуҳро Холова дилбастагӣ пайдо карда, пас аз машқҳои пайваста дар чанд мусобиқаи бонуфуз ба зинаи пирӯзӣ баромадааст. Зуҳро низ дорандаи «Камарбанди сиёҳ» мебошад. Солҳои 2005 ва 2006 дар сабқатҳои байналмилалӣ меъёри Қаҳрамони ҷаҳон оид ба кикбоксингро иҷро кардааст.
Солҳост, ки номи муштзани номвари тоҷик, бонуи шарафманд Мавзуна Чориева боиси ифтихори ҳаводорони варзиш гаштааст. Ин варзишгарбону соли 2012 соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар Лондон гардида, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муштзанӣ ҷои дуюмро ишғол кард. Мавзуна дар Чемпионати Осиё (Қазоқистон, соли 2010) сазовори мақоми аввал гашт ва боз дар чанд сабқати ҷаҳонӣ шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя намуд. Имрӯз ӯ дар омода кардани варзишгарони шоиста аз ҷониби Тоҷикистон барои мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳиссагузорӣ менамояд.
Бонуи боҷасорат Ширин Набиева дар намуди бонуфузи варзиш — таэквандо шуҳрат пайдо кардааст. Ӯ соли 2014 «Беҳтарин варзишгари ҷавони тоҷик» эътироф шуд. Ширинбону соҳиби унвони Қаҳрамони Осиё ва барандаи Ҷоми ҷаҳон (шаҳри Минск) гардид.
Сабрина Тӯраева дар арсаи варзиш корномаи рангину пурсамар дорад. Ин бонуи муваффақ ва чолоку пурғайрат даҳ бор соҳиби унвони олии Қаҳрамони Осиё (оид ба таэквандо) ва се бор соҳиби унвони олии Қаҳрамони ҷаҳон шудааст.
Корномаи бонуи шарафманд Мижгона Самадова низ шоистаи таҳсину ситоиш аст. Ин варзишгарбонуи боҷасорат Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба кикбоксинг, ғолиби мусобиқаи ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар Калуга (соли 2013), ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо дар Италия (соли 2016), Қаҳрамони Бозиҳои Осиё оид ба кикбоксинг (Ашқобод, соли 2017 ва Қирғизистон, соли 2018), Қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс (шаҳри Нижневартовск, Россия, соли 2021) мебошад.
Моҳрӯ Ҳалимова бонуи варзишгарест, ки дар андак муддат шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст. Ӯ Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист. Се бор Ҷоизаи Чемпионати Осиёро ба даст овардааст (Манила — 2016, Хо Ши Мин — 2018 ва Уммон — 2021). Моҳрӯ ба намуди варзиши бисёрҳарба машғул мебошад.
Варзишгарбонувон Кристина Пронженко ва Мария Чернова дар оғӯши Тоҷикистон ба камол расида, дар ҳифзи шарафи варзиши кишвар ҳиссаи шоиста гузоштаанд. Кристина аз беҳтарин варзишгарони имрӯзини ҷумҳурист ва дар бис-ёр мусобиқоти ҷаҳонӣ дастболо гардидааст. Ӯ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук (давидан) дар Алмаато ва дар Бишкек медалҳо ба даст овард. Дар Ҷоми кушоди Ӯзбекистон (Тошканд) соҳиби ду медали тилло шуд. Боз чанд пирӯзии дигар дар мусобиқаҳои бонуфуз шуҳрати Кристинаро бештар афзуданд. Мария низ бонуи маъруфи соҳаи варзиш аст. Ӯ дорандаи «Камарбанди сиёҳ» ва Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист. Дастовардҳои дигараш: Қаҳрамони ҷаҳон дар байни наврасон (Малайзия), ғолиби Ҷоми Аврупо (Санкт-Петербург, соли 2003).
Мо танҳо аз чанд варзишгари комёби кишвар зикри ном кардем. Хушбахтона, теъдоди онҳо зиёд ва рӯзафзун аст. Аксари бонувони варзишгари тоҷик парвардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов мебошанд. Айни замон гурӯҳи калони бонувоне, ки дар ҳайати дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин мекунанд ва зумрае дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба пирӯзиҳо расидаанд, шогирдони ҳамин донишкадаанд. Донишҷӯёни имрӯзаи факултаҳои донишкада М. Ойматова, Г. Қаландарова, Ш. Абдуллоева, А. Тюрина. М. Одинаева, Р. Ҳақназарова, Г. Шарифова, Н. Боқиева, Рӯзигули Ҳасан… ба ҷабҳаи васеи варзиши касбӣ қадамҳои нахустини умедбахш мегузоранд ва мо бар он боварем, ки ҳамаи онҳо ба комёбиҳои барҷастаи варзишӣ шарафёб хоҳанд гашт…
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули варзиш дар байни бонувон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари кишвар ба соҳаи варзиш тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бонувони шуҷоъ инро хуб дарк мекунанд ва пайваста ба он мекӯшанд, ки дар афзудани шуҳрати варзиши Ватани маҳбуби худ нақшгузор бошанд.
Варзиш арсаи шарафу ифтихору ҷасорату матонат аст ва хуш аст, ки дар ин арса дар қатори мардон бонувон низ ҳунарнамоӣ карда, ба пирӯзиҳо мерасанд. Ба ифтихори ғалабаҳои бонувони Тоҷикистон дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон Суруди миллии ҷумҳурӣ садо медиҳаду Парчами кишвар баланд афрохта мешавад. Ин шарафи бузург ва сатҳи баланди нангу номуси ватандорист.
Ба ҳамаи варзишгарбо-нувони саодатманду сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Модар — ҷашни бонувон фархунда бод!
Шодӣ Сафаров,
ректори Донишкадаи
тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов,
доктори илмҳои педагогӣ